БЕХТЕРЕВ Владимир Михайлович (1. 2. 1857, деҳаи Соралии губ. Вятка – 24. 12. 1927, Москва), невропатолог, психиатр, психолог, физиолог ва морфологи шӯравӣ. Академияи тиббии ҷарроҳиро хатм кардааст (1878). Аз с. 1885 мудири кафедраи психиатрияи Донишгоҳи Қазон буд. Б. бори аввал дар ҳамин донишгоҳ лабораторияи психофизиологӣ ташкил кард, журнали «Неврологический вестник» ва Ҷамъияти қазонии невропатолог ва психиатрҳоро таъсис кард. Аз с. 1893 проф. Академияи ҳарбӣ-тиббии Петербург, проф. Ин-ти тиббии занона (1897), директори Ин-ти психоневрология (1908) буд. Аз с. 1918 ба Ин-ти омӯзиши мағзи сар (ҳоло Ин-ти давлатии рефлексологии ба номи В. М. Бехтерев оид ба омӯзиши мағзи сар) роҳбарӣ кардааст. Асарҳои Б. ба асосҳои тарбия ва рафъи аномалия дар рафтори одам бахшида шудаанд. Б. бемориҳои шахшавии сутунмӯҳра (бемории Бехтерев), атаксияи (ҳаракати берабт)-и шадиди майначавии майзадагон ва ғ.-ро муайян кардааст. Барои муолиҷаи бемориҳои асаб ва рӯҳӣ давои «микстураи Бехтерев»-ро ҳосил карда, бо меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ табобат кардани ин касалиҳоро низ таъкид намудааст.
Ос.: Основы учения о функциях мозга, СПБ, 1903 – 07; Психика и жизнь, СПБ, 1904.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …