Главная / 2018 / January / 24 (страница 2)

Архивы за день : 24.01.2018

ЗАРБУ ЛАТ

zarbu-lat

ЗАРБУ ЛАТ (Traumatismus), садама, осеб, латхӯрӣ, яке аз сабабҳои дар ҷаҳон маъмули корношоямии муваққатӣ ва устуворест, ки боиси фавти зиёди одамони синну солашон гуногун мегардад. З. л. ду хел мешавад: истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ. Сабаби З. л.-и истеҳсолӣ бештар вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аст; он дар натиҷаи номукаммалии ихтисоси коргар, …

Муфассал »

ЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР

magzi-sar

ЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР, садамаи косахонаю мағзи сар, осеби косахона, мағзи сар ва пардаи он. З. ду хел мешавад: пӯшида (дар ин ҳол барои аз микробҳо сироят ёфтани майна ва пардаҳои он шароит нест) ва кушода (дар ин ҳол майна бисёр вақт бо микробҳо олоиш ёфта, бемориҳои сарсом, …

Муфассал »

ЗАРДАҶӯШ

zardachush

ЗАРДАҶӯШ (Pyrosis), ҳисси туршӣ ва сӯзишест, ки бештар дар қисми поёнии сурхрӯда дар натиҷаи ба он гузаштани шираи меъда ба вуҷуд меояд. Сабаби З. аз ҳад зиёд ангезиш ёфтани луобпардаи сурхрӯда, ихтилоли кори меъда ва ғ. мебошад. З. бештар ҳангоми барзиёдии туршии шираи меъда рӯй медиҳад, аммо дар аснои норасоӣ …

Муфассал »

ЗАРДИСПАНД

zardpisand

ЗАРДИСПАНД (Adonis turkestanicus), гули зардак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш бисёр, рости камшохча. Баргҳои қисми поёни поя пулакчавии бӯрранг, баргҳои боло калони пармонанд; гулаш зарди баланд. Июн – июл гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар алафзор, арчазорҳо, марғзор ва диг. ҷойҳо (дар баландии …

Муфассал »

ЗАРДОБ

zardob

ЗАРДОБ (Serum), моддаҳоеро гӯянд, ки барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ё рафъи заҳролудӣ (аз заҳри микробҳо ё ҳайвонот) истифода мебаранд. Хосияти табобатӣ ва муҳофизатии З. ба таъсири пайвастҳои махсус – подтанҳо (ҷисмҳои зидд) вобаста аст; онҳо омилҳои бемориҳоро дарёфт намуда, безарар мегардонанд (ниг. Иммунитет). Подтанҳо дар натиҷаи ба организми …

Муфассал »

ЗАРДОЛУ

zardolu

ЗАРДОЛУ (Armeniaca vulgaris), дарахти меваи маъмул. То 15 м қад мекашад. Гулаш сафед ё гулобӣ. Мевааш гирда, дарозрӯя, сергӯшт, зард ё норанҷӣ. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои Исфарак, Хурмоӣ, Тоҷибоӣ, Субҳонӣ, Қандак, Бобоӣ, Маҳтобӣ, Ҷавонӣ, Мирсанҷарӣ ва ғ. парвариш меёбанд. З. маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва …

Муфассал »

ЗАРДПАРВИН

zardparvin

ЗАРДПАРВИН (Icterus, morbus arcuatus), заъфарма, ярақон, зардча, зард шудани пӯст, сафедии чашм ва луобпардаҳо, ки сабабаш дар бофтаҳо ғун гардидани пигменти билирубин (дар ҷигар ҳосил мешавад) аст. З.-ро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд: З.-и ҷигар (паренхимӣ), З.-и механикӣ ва З.-и гемолизӣ (хунобӣ). З.-и ҷигар …

Муфассал »

ЗАРДЧӯБА

zardchuba

ЗАРДЧӯБА (Curcuma longa), зарчӯба, ҷадвор, як навъ гиёҳ. Растании бисёрсола, барги калони нештаршакл ё дарозрӯя дорад. Дар Осиёи тропикӣ, Африка ва шимоли Австралия паҳн гаштааст. Аксари навъҳои З.-ро чун растаниҳои ғизоӣ ва доруӣ парвариш карда, аз решаи хушбӯи онҳо хуришҳо тайёр мекунанд. Моддаи зарди аз он ҳосилшударо барои ранг кардани …

Муфассал »

ЗАРИФОВ Соиб

nophoto

ЗАРИФОВ Соиб (тав. 15. 02. 1943, ноҳ. Айнӣ – 12 03 2010, Душанбе), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1998). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1966). Сардухтури диспансери зидди бемориҳои сили ш. Регар (ҳоло Турсунзода; 1966 – 69), ординатори клиникӣ оид ба ихтисоси ҷарроҳ (1969 – 71) ва …

Муфассал »

ЗАРПЕША

zarpesha

ЗАРПЕША (Hypericum elongatum), гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 90 см қад мекашад. Пояаш бисёр, сабзи кабудтоб, бӯрранг. Баргаш дарозрӯя, нештаршакл, гулаш сафедтоб ё зарди тиллоранг, ғӯзааш байзашакл, дорчинӣ. Май – июл гулу мева мекунад. З. дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, марғзор, нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, …

Муфассал »