Главная / Илм / ЗАРДЧӯБА

ЗАРДЧӯБА

zardchubaЗАРДЧӯБА (Curcuma longa), зарчӯба, ҷадвор, як навъ гиёҳ. Растании бисёрсола, барги калони нештаршакл ё дарозрӯя дорад. Дар Осиёи тропикӣ, Африка ва шимоли Австралия паҳн гаштааст. Аксари навъҳои З.-ро чун растаниҳои ғизоӣ ва доруӣ парвариш карда, аз решаи хушбӯи онҳо хуришҳо тайёр мекунанд. Моддаи зарди аз он ҳосилшударо барои ранг кардани абрешим, мӯина, пахта, равған, панир ва ғ. истифода мебаранд. З.-ро аз сабаби таъму бӯи хуш доштанаш ба таом меандозанд, дар тиббу атторӣ истифода мебаранд.
Ба ақидаи табибони халқӣ З.-ро андак бирён карда нимгарм бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар онро чун гард маҳин ос карда, монанди сурма ба чашм кашанд, гули тунуки онро, ки пайдо шуда бошад, дафъ мекунад, чашмро қавӣ мегардонад. Оби онро дар офтоб қиём кунанд (яъне ғафс гардонанд) онро усораи З. меноманд. Усораи онро ба чашм кашанд, рӯшноии чашмро меафзояд, гули дар он афтодаро бартараф мекунад. Кӯфтаи З.-ро бипошанд, решҳоро хушк ва дарду варами онҳоро дафъ менамояд. Агар З.-ро дар оташ тафсонида, бо он гармбандӣ кунанд, дардҳои гуногунро сокин мекунад, варами ҷои хун гирифтаро таҳлил медиҳад. Оби гули онро бимоланд, доғи кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. З.-ро ба дарун бо камоли эҳтиёт ва дар ҳадди меъёр истеъмол бояд кард, зеро барои дил хело зарарнок аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …