Главная / 2018 / January / 15 (страница 2)

Архивы за день : 15.01.2018

ДИСТРОФИЯ ДАР КӯДАКОН

distrofiya-dar-kudakon

ДИСТРОФИЯ ДАР КӯДАКОН (Dystrophia; аз дис .. ва юн. trophe – ғизо), ихтилоли музмини ғизогирӣ, ки ҳангоми он организм хӯрокро нағз ҳазм намекунад, мубодилаи моддаҳо ва сабзишу инкишофи он халал меёбад. Ба Д. бештар кӯдакони хурдсол гирифтор мешаванд. Гуруснагии дарозмуддат, хӯроки бисёр додан, истеъмоли ғизои серангиштоб, ҳар гуна бемориҳои сироятӣ …

Муфассал »

ДИСФАГИЯ

disfagiya

ДИСФАГИЯ (Dysphagia), халал ёфтани қобилияти фурӯ бурдани луқма. Сабабҳои Д. гуногун мебошанд, мас., баста будани роҳи болои ҳозима (балъум, сурхрӯда), осеб доштани девораи он, ихтилоли асабгирӣ, ташаннуҷи сурхрӯда ва ғ. Д. ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ ва омосҳои забон, балъум, сурхрӯда ё бофтаю уқдаҳои лимфавии онҳо, яра шудани девораи роҳи болои ҳозима, …

Муфассал »

ДИСФОРИЯ

disforiya

ДИСФОРИЯ (Dysphoria), бедимоғӣ, малулӣ, як шакли хиратабъӣ, ки тамоюли маризӣ дошта, дар мавриди он шахс тундмизоҷ, бадхӯ, одамгурез мешавад. Ҳангоми Д. бар фарқи гипотимия мариз рӯҳан ва ҷисман фаъол аст (карахт нест), зуд ба хашм меояд, оташин мегардад. Д. мансуби синдроми афсурдаруҳӣ аст. Бештар дар нашъамандон ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми …

Муфассал »

ДИСХРОМИЯИ ПӯСТ

dishromiya-kozhi

ДИСХРОМИЯИ ПӯСТ, халал ёфтани ранги пӯст. Сабаби он мумкин аст ихтилоли ҳосил ва ҷамъ шудани пигменти меланин, дар пӯст таҳшон гаштани пигменти гемосидерин ва каротин бошад. Ҳангоми халал ёфтани ҳосилшавии меланин метавонад гиперпигментатсия (доғи кунҷитак, хлоазма) ё дипигментатсия (песӣ, лейкодерма) рух намояд. Сабабҳои Д. п. гуногун мебошанд. Мас., он мумкин …

Муфассал »

ДИФИЛЛОБОТРИОЗ

difillobotrioz

ДИФИЛЛОБОТРИОЗ (Diphyllobothriasis), бемориҳое, ки тасмакирмҳо ва диг. киҷҷаю кирмҳои рӯдаи одам ва баъзе ҳайвонот ба вуҷуд меоранд. Дарозии тасмакирм 7 – 10 м буда, аз банд (буғум)-чаҳои сершумор иборат аст. Сараш ду сӯрохии чуқур дорад, ки тавассути он кирм ба девораи рӯда часпида мегирад. Тухм ва бештар бандҳои кирмҳо бо …

Муфассал »

ДОВУДИ АНТОКӣ

no-photo

ДОВУДИ АНТОКӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1600, Макка), Довуд ибни Умари Антокии Зарир, табиби араб. Зодаи Антокия буда, баъд аз омӯхтани илми тиб ба Ҳалоб, Димишқ ва Қоҳира сафар мекунад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Д. А. нобино будааст. Д. А. ба ғайр аз илми тиб мантиқ, фалсафа ва илми фалакро …

Муфассал »

ДИСБАКТЕРИОЗ

disbakterioz

ДИСБАКТЕРИОЗ (Dysbacteriosis), тағйир ёфтани таркиб ва таносуби миқдории микрофлораи зарурии узвҳои тиҳӣ (холӣ), ки ба муҳит (мас., роҳи болои нафас, рӯда) ва пӯсти одам тамос доранд. Фаъолияти физиологии организм ва неруи муҳофизии он ба ҳаёти микрофлораҳо сахт марбут аст. Микрофлораи зарурие, ки дар рӯда, роҳи болои нафас ва пӯсти одам …

Муфассал »

ДИСГИДРОЗ

disgidroz

ДИСГИДРОЗ (Dyshidrosis), дар пӯсти кафи дасту по, баъзан дар ангуштон дамидани обилачаҳо. Обилачаҳо моеъи шаффоф дошта, дар пӯст чуқур ҷой мегиранд. Ҷои иллатӣ хориш ва сӯзиш мекунад. Сабаби Д. руст шудани маҷрои ғадудҳои арақ аст. Одатан дар одамони серарақ ба мушоҳида мерасад. Дар бештарин ҳолатҳо сабаби Д. ихтилоли фаъолияти асабу …

Муфассал »

ДОҒИ КУНҶИДАК

dogi-kunchidak

ДОҒИ КУНҶИДАК (Ephelides), як навъ холҳои хурди қаҳваранги зардтоб, ки дар ҷойҳои кушодаи бадан (бештар дар рӯй) пайдо мешаванд. Д. к. зуҳуроти хоси ирсии пигментатсия (ранг гирифтан)-и пӯст аст. Д. к. баҳору тобистон аз таъсири нури офтоб зиёд мегардад. Барои пешгирии Д. к. аз моҳи феврал сар карда, то охирҳои …

Муфассал »

ДОҒҲОИ ПИРОНСОЛӣ

doghoi-pironsoli

ДОҒҲОИ ПИРОНСОЛӣ, киратомаҳои пирӣ, шуғаҳои пирӣ, доғ ё гиреҳчаҳои алоҳида ё сершумори рӯяшон шуғабаста. Д. п. дар пӯсти чеҳра, гардан, панҷаи даст ё тахтапушти одамони солхӯрда дар заминаи тағйироти синнусолии пӯст пайдо мешаванд. Ранги доғу гиреҳчаҳо сурх ё тира, аммо ранги шуғ ва карахшҳои онҳо ҷигарӣ аст. Ҳангоми махсус харошидани …

Муфассал »