Главная / Илм / ДИСТРОФИЯ ДАР КӯДАКОН

ДИСТРОФИЯ ДАР КӯДАКОН

distrofiya-dar-kudakonДИСТРОФИЯ ДАР КӯДАКОН (Dystrophia; аз дис .. ва юн. trophe – ғизо), ихтилоли музмини ғизогирӣ, ки ҳангоми он организм хӯрокро нағз ҳазм намекунад, мубодилаи моддаҳо ва сабзишу инкишофи он халал меёбад. Ба Д. бештар кӯдакони хурдсол гирифтор мешаванд.
Гуруснагии дарозмуддат, хӯроки бисёр додан, истеъмоли ғизои серангиштоб, ҳар гуна бемориҳои сироятӣ (мас., исҳоли хунин, газаки шуш), нигоҳубини бади кӯдак, инчунин ғизоро пурра ҳазм накардани меъдаю рӯда боиси пайдоиши Д. мегарданд. Ҳангоми нуқси инкишофи меъдаю рӯда (мас., дар аснои танг шудани ҷои гузариши сурхрӯда ба меъда) низ дистрофия ба вуҷуд меояд. Тағйир ёфтани қаду вазн, суст шудани муқобилати организм ба таъсири ангезаи бемориҳо ва ихтилоли фаъолияти меъдаю рӯда аломатҳои асосии Д. мебошанд.
Дистрофияе, ки ба кам шудани вазни кӯдак оварда мерасонад, гипотрофия ном дорад; дар ин ҳол дараҷаи кам гаштани вазн гуногун буда, ҳатто мумкин аст кӯдак аз сабзиш монад. Навъи дигари дистрофия низ вуҷуд дорад, ки онро паратрофия меноманд. Дар аснои он вазни кӯдак мӯътадил ё аз меъёр зиёд аст. Ин навъ дистрофия кам вомехӯрад ва бинобар ба кӯдак хӯрондани ғизоҳои якхела (асосан хамирӣ ё ширӣ) пайдо мешавад. Чунин кӯдакон беҳол ва камҳаракат буда, ба бемориҳои гуногун (маддахонаи пӯст, назла ва ғ.) тез гирифтор мешаванд. Кӯдакон зоҳиран фарбеҳ бошанд ҳам, бофтаҳояшон пӯк ва мулоиму хамиртабиатанд, пӯсти онҳо одатан рангпарида аст. Истеъмоли хӯроки якхелаи ширӣ ва надодани ғизои иловагӣ боиси қабзият мегардад. Наҷосат зарди хокистарӣ, хушк ва бадбӯй мешавад. Мавриди истеъмоли ғизоҳои якхелаи хамирӣ наҷосат сиёҳтоб, суюқу часпак буда, бӯи турш дорад.
Духтур сабабҳои пайдоиши Д.-ро ба назар гирифта, онро табобат мекунад. Мас., дар ҳолати дистрофияи марбут ба камхӯрокӣ, барои табобат таъин кардани миқдори зарурии хӯрок кифоя аст, ки кӯдак шифо ёбад. Агар дистрофия дар натиҷаи нуқси инкишофи меъдаю рӯда ба вуҷуд омада бошад, пас сабаби онро ба тарзи ҷарроҳӣ рафъ мекунанд.
Дистрофияро бояд то таваллуди кӯдак пешгирӣ намуд. Зани ҳомила бояд тартиби хӯрду хӯрокро риоя карда, ғизоҳои гуногун истеъмол намояд (ниг. Ҳомилагӣ, Тағзия). Баъди таваллуди кӯдак оид ба тарзи хӯрондани ӯ, миқдор ва таркиби ғизо, хӯроки иловагӣ, нигоҳубини дурусти кӯдак ва пешгирии бемориҳо аз духтур маслиҳат пурсидан зарур аст. Тарбияи дурусти ҷисмонӣ омили муҳими пешгирии Д. мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …