Главная / Биология / СОХТ ВА ВАЗИФАИ ҲУҶАЙРА

СОХТ ВА ВАЗИФАИ ҲУҶАЙРА

Равандҳои биохимиявие, ки дар ҳуҷайра ба амал меоянд, бевосита ба сохтори ҳуҷайраи зинда вобаста буда, ҳар яки онҳо ягон вазифаро иҷро мекунанд. Чунин сохтори ҳуҷайраҳоро органоид меноманд ва онҳо ҳамчун увзҳои томи организм вазифаи махсусро иҷро мекунанд.

hujayrai-odam

Олимон зимни тадқиқотҳое, ки бо ёрии асбобҳои ҳозиразамон гузаронидаанд, имкон пайдо карданд, ки нозукиҳои сохти ҳуҷайраро омўхта, ҳамаи организмҳои зиндаро аз ҷиҳати сохтор ба организмҳои

беҳаста – беядро (прокариотҳо) ва ҳастадор – ядродор (эукариотҳо) ҷудо кунанд. Ба гурўҳи прокариотҳо бактерияҳо  ва обсабзҳои сабз, ба гурўҳи эукариотҳо занбўруғҳо, растаниҳо ва ҳайвонот мансубанд.

Организмҳои прокариотӣ хусусиятҳои сохтори қадимаро нигоҳ дошта, хеле содда мебошанд, барои ҳамин онҳоро ба олами алоҳида ҷудо мекунанд. Организмҳои эукариотӣ пардаи ҳастаӣ дошта, сохташон мураккаб аст; дорои қароргоҳи энергетикӣ – митохондрия мебошанд. Бо ибораи дигар, сохти ҳамаи ҳуҷайраҳои ҳастадор (эукариотҳо) мураккаб буда, қобилияти аз худ кардани оксигенро доранд ва энергияи зиёд ҳосил мекунанд.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …