Главная / Биология / МОЛЕКУЛАҲОИ ОРГАНИКӢ– АНГИШТОБҲО

МОЛЕКУЛАҲОИ ОРГАНИКӢ– АНГИШТОБҲО

Ангиштобҳо ё сахаридҳо моддаҳои органикӣ буда, бо формулаи умумии Сп(Н2О)m ифода карда мешаванд. Дар аксари ангиштобҳо адади молекулаҳои об ба миқдори атомҳои карбон мувофиқ мебошад. Аз ҳамин сабаб ин моддаҳоро карбогидрат ё ангиштоб номидаанд.

Дар ҳуҷайраи ҳайвонот то 5% ангиштоб мавҷуд аст. Ҳуҷайраи растаниҳо ангиштоби бештар доранд, миқдори онҳо то 90% мерасад (картошка, тухмӣ ва ғайра). Ангиштобҳо содда ва мураккаб мешаванд. Ангиштобҳои содда моносахаридҳо ном гирифтаанд. Вобаста ба адади атомҳои карбон дар молекула моносахаридҳо триозаҳо (дорои 3 ато-ми карбон), тетрозаҳо (дорои 4 атоми карбон), пентозаҳо (дорои 5 атоми карбон) ё гексозаҳо (дорои 6 атоми карбон)

номида мешаванд. Глюкоза, фруктоза ва галактоза мансуби гексозаҳо мебошанд. Хун 0,08-0,12% глюкоза дорад. Пентозаҳо – рибоза ва дезоксирибоза – ба таркиби кислотаҳои нуклеинат ва АТФ (аденозинтрифосфат) дохил мешаванд.

Агар дар як молекула ду моносахарид якҷоя шаванд, чунин пайвастагиро дисахарид меноманд. Ба дисахаридҳо қанд сахароза дохил мешавад; онро аз найшакар ё лаблабуи қанд ҳосил мекунанд. Сахароза аз як молекула глюкоза, як молекула фруктоза ва қанди шир, ки тавассути молекулаҳои глюкоза ва галактоза ҳосил мешавад, иборат аст.

Ангиштобҳои мураккаб аз бисёр моносахаридҳо ҳосил мешаванд ва полисахаридҳо номида шудаанд. Мономерҳои чунин полисахаридҳо монанди крахмал аз гликоген, селлюлоза ва глюкоза иборат мебошанд. Ангиштобҳо ду функсияи асосиро иҷро менамоянд: бинокорӣ ва энергетикӣ. Масалан, селлюлоза пардаи ҳуҷайраи растаниҳоро ба вуҷуд меорад; полисахариди мураккаб комплекси структураи скелети берунаи буғумпойҳо мебошад. Функсияи бинокориро, инчунин хитин дар замбўруғҳо низ иҷро менамояд.

Ангиштобҳо дар ҳуҷайра манбаи асосии энергия мебошанд. Дар ҷараёни оксидшавии 1г ангиштоб 17,6 кҶ энергия ҷудо мешавад. Дар ҳуҷайраи растаниҳо крахмал, вале дар ҳуҷайраи ҳайвонот гликоген ҷамъ шуда, чун захираи энергетикӣ хизмат мекунанд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Кадом пайвастагиҳои химиявӣ ангиштоб номида мешаванд?
  2. Кадом хуҷайраҳо ангиштоби бештар доранд?
  3. Моносахарид чист? Мисолҳо биёред.
  4. Дисахарид чист? Мисолҳо биёред.
  5. Кадом ангиштоби содда барои крахмал, гликоген ва селлюлоза ҳамчун мономер хизмат менамояд?
  6. Функсияи ангиштобҳоро гуфта диҳед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …