Главная / Илм / ДОҒҲОИ ПИРОНСОЛӣ

ДОҒҲОИ ПИРОНСОЛӣ

doghoi-pironsoliДОҒҲОИ ПИРОНСОЛӣ, киратомаҳои пирӣ, шуғаҳои пирӣ, доғ ё гиреҳчаҳои алоҳида ё сершумори рӯяшон шуғабаста. Д. п. дар пӯсти чеҳра, гардан, панҷаи даст ё тахтапушти одамони солхӯрда дар заминаи тағйироти синнусолии пӯст пайдо мешаванд. Ранги доғу гиреҳчаҳо сурх ё тира, аммо ранги шуғ ва карахшҳои онҳо ҷигарӣ аст. Ҳангоми махсус харошидани қабатҳои карахшбаста аз он ҷойҳо хун мебарояд. Дар натиҷаи осеби доимӣ ва таъсири дарозмуддати нури офтоб доғҳо мумкин ба реш мубаддал шаванд. Ҳангоми пайдоиши реш ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Д. п. чандон хавф надоранд ва муолиҷаи махсусро талаб намекунанд, аммо дар баъзе мавридҳо табобат зарур мешавад. Барои пешгирии Д. п. истеъмоли ғизое, ки дар таркибаш витамини А. бисёр аст, манфиати калон меорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …