Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИР БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2026

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИР БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2026

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 728 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИР БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2026 

металхои киматбахо

  1. Муқаддима
  1. Рушди илм ва техника пеш аз ҳама ба истифодаи металлҳои нодир алоқаманд аст. Истифодаи онҳо ба пайдоиши як қатор соҳаҳои саноат, илм ва техникаи ҳозиразамон сабабгор гардид. Ҳамаи маводҳои конструксионии фавқулмагнитӣ, фавқуссабук, фавқуссахт, фавқулгармитобовар ва баландустувор дар асос ё бо истифодаи металлҳои нодир офарида мешаванд.
  2. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ барои солҳои минбаъда муайян гардида, дар қатори дигар масъалаҳо оид ба зарурати омўзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодири ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд.
  3. Геологҳо ба металлҳои нодир одатан 36 унсурҳои кимиёвии системаи даврии Д.И. Менделеевро мансуб медонанд, ки саноат танҳо солҳои 50-60-уми асри XX ба азхудкунии васеи онҳо шурўъ намуд.

Ниг.ба Ҷадвал

Таснифоти техникии металлҳои нодир

Гурӯҳи системаи даврӣ Унсурҳо Гурӯҳи металлҳои нодир
I

II

Литий, рубидий, тсезий Бериллий Сабук
IV

V

Титан, сирконий, гафний Ванадий, ниобий, тантал Мушкилгудоз
III

IV

VI

VII

Галлий, индий, таллий Германий Селен, теллур Рений Пароканда
III Скандий, иттрий, лантан ва лантаноидҳо Нодирзамин
I

II

Франсий Радий Радиоактивӣ
VI Актиний, торий, протактиний, уран, плутоний ва дигар трансуранҳо  

 

VII Полоний, Технетсий  

 

  1. Таҳқиқоти муосир хусусиятҳои нав ба нави металлҳои нодир ва имкониятҳои нави истифодаи онҳоро ихтироъ менамояд. Агар дар ибтидои азхудкунии саноатии онҳо доираи асосии он техникаи мудофиавӣ бошад, имрўз бисёрии металлҳои нодирро барои истеҳсоли молҳои муқаррарии истеъмолӣ – зарфҳои борбандӣ (Gе, Li), маснуоти сантехникӣ ва кошинҳо (Zr), батареячаҳо барои асбобҳои электронӣ (Та, Li, La, Gd) истифода мебаранд. Аз рўи суръати афзоиши истеҳсолот ва истифода металлҳои нодир аз ҳамаи дигар металлҳои саноатӣ пеш гузашта, дар баъзе соҳаҳои зуд тараққикардаистода талабот ба онҳо дар як сол 1525 фоиз афзуда истодааст. Дараҷаи истифодаи саноатӣ аз бисёр ҷиҳат аз арзиши металлҳои нодир вобаста аст, ки фарқияти нархҳои онҳо хеле бузург аст – аз наздик ба қурғошиму руҳ барои кадмий то наздикшавӣ ба тилло ва металлҳои гурўҳи платина барои лютетсий ва скандий.
  2. Истифодаи металлҳои нодир дар ҷаҳонниз якранг нест – аз садҳо килограмм барои рубидий то садҳо ҳазор тонна барои сирконий.
  3. Конҳои металлҳои нодирро ба ду гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст. Дар гурўҳи якуми конҳо металлҳои нодир (Li, Gs, Ве, Nb, Та, TR, Zr, Sr) дар минералҳои хосаи худ вомехўранд. Миқдори зиёди минералҳои дорои металлҳои нодир маълуаманд, аммо танҳо қисми ками онҳо ҷамъшавии саноатиро ташкил медиҳанд. Дар як кон одатан якчанд минералҳои дорои металлҳои нодир вомехўранд. Ба ин конҳои стронтсий истисно мебошанд, ки дигар минералҳои дорои металлҳои нодирро ба ғайр аз селестин надоранд.
  4. Дар гурўҳи дуюми конҳо металлҳои нодирро ҳангоми коркарди ҳамроҳ бо дигар канданиҳои фоиданок ҳосил мекунанд. Манбаъҳои ашёи хоми металлҳои нодир ҳангоми истихроҷи ҳамроҳи маъданҳои металлҳои ранга – мис, молибден, қурғошим, руҳ, қалъагӣ, алюминнй мебошанд. Аз чунин маъданҳо Вi, Ge, Gа, In, Re, Se, Те, Tl, Cd ҳосил мекунанд. Германийро инчунин аз ангиштсангҳои бур, гафний ва рубидийро ҳангоми коркарди маъданҳои металлҳои нодир ва ванадийро аз маъданҳои оҳан ва титан низ ҳосил мекунанд. Ин металлҳои нодирро бисёр вақт пароканда меноманд. Минералҳои онҳо фавқулкам буда, ҷамъшавии саноатиро ташкил намедиҳанд.
  5. Бо қадри азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми металлҳои нодир хелҳои конҳо, ки нақши асосиро дар таркиби захираҳо ва истихроҷи онҳо бозидаанд, тағйир меёфтанд. Минералҳои аксарияти металлҳои нодир (Li, Cs; Ве, Nb, Та) дар пегматитҳо ё ин, ки пошхурдаҳо (Nb, Та, ТR, Zr) кашф гардиданд. Аз миёнаи солҳои 50-уми асри XX сар карда, нақши асосӣ дар истихроҷи ниобий ва унсурҳои нодирзамин ба карбонатитҳо ва қишри бодхўрдашудаи онҳо гузашт, аз солҳои 80-ум бошад, ҷойи асосиро дар таркиби захираҳои тантал ва унсурҳои нодирзамини гурўҳи иттрий гранитҳои ишқорӣ ишғол менамоянд. Сохти геологӣ ва хусусияти ин хелҳои конҳои металлҳои нодир қатъиян фарқият доранд.
  6. Пегматитҳои металлҳои нодир ин ҷинсҳои кўҳии асосан аз кристалҳои калони кварс ва шпати саҳроӣ иборатбуда мебошанд. Пегматитҳо дар шакли лонаҳо, рагҳо ва линзаҳо хобида, ба дарозии садҳо метр, баъзан то якчанд километр бо бари то 100 м мерасанд. Барои пегматитҳои металлҳои нодир сохти минтақавӣ бо ҷамъшавии ҷудогонаи минералҳои дорои металлҳои нодир – поллутсит, лепидолит, сподумен, берилл хос аст. Конҳои пегматитҳо асосан захираҳои калон надоранд: ҳазорҳо тонна тантал, ниобий, бериллий, рубидий, даҳҳо ҳазор тонна сезий, садҳо ҳазор тонна литий. Новобаста ба ин, то аввалҳои солҳои 60-ум маҳз дар онҳо 100 фоизи захираҳои литий, бериллий, сезий ва рубидий, 95 фоизи тантал, 25 фоизи ниобий муайян гардида, маҳз чунин конҳо ҳамчун манбаи асосии истихроҷи ин металлҳо истифода мешуданд. Барои сезий ва рубидий пегматитҳо имрўз ҳам манбаи ягонаи ашёи хоми дорои аҳамияти саноатӣ ба ҳисоб мераванд.
  7. Минералҳои металлҳои нодири ба бодхўрдашавии физикию кимиёви устувор дар пошхўрдаҳо (россипҳо) ҷамъ мешаванд. Сарфи назар аз файзнокии пасти минералҳои вазнин (одатан 5-15 фоиз дар қумҳои кварсӣ) пошхўрдаҳо бо усули содда ва арзон коркарди фоидаовар карда мешаванд.
  8. Карбонатитҳо маҳсули булўршавии (кристализатсияи) гудозаҳои умқии карбонатҳо (магмаҳо) мебошанд. Конҳои карбонатитҳо (Lа, Се, Рг, Nd) ва қишри бодхўрдашудаи онҳо (Nb) баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, вақте ки майлу рағбат ба истифодаи металлҳои нодир бошиддат афзуд, кашф ва иктишоф карда шуданд. Дар муқоиса бо пегматитҳо ва пошхўрдаҳо ин конҳо хеле калон ва бой мебошанд.
  9. Конҳои калони комплексии металлҳои нодир дар хоросангҳои (гранитҳои) аз металлҳои ишқорӣ бой дар солҳои 50-уми асри XX кашф шуданд. Конҳои хоррсангҳои ишқорӣ бо маҷмўи доимии канданиҳои фоиданок ва устувории файзнокии онҳо тавсиф карда мешаванд. Хоросангҳои ишқории металлҳои нодирдор манбаи конҳои калони тантал ва унсурҳои нодирзамини гурўҳи иттрий, инчунин конҳои калонтарини сирконий мебошанд.
  10. Бо ҳамин асос, тағйири сохтори базаи ашёи хом ва истихроҷи ашёи металлҳои нодир дар самти аз конҳои хурд ба конҳои бузург ва хеле бузург равона гардид, ки имрўз нақши пешбарандаро дар сохтори истихроҷи ашёи металлҳои нодир дар ҷаҳон мебозанд. Ба таври назаррас меъёри дигари асосии арзёбии сифати конҳо – файзнокии қисматҳои фоиданок дар маъдан низ зиёд гардид. Дар байни конҳои металлҳои нодир имрўз объектҳое мавҷуданд, ки аз рўи ин нишондиҳанда на танҳо ба маъданҳои коркардшавандаи металлҳои ранга, балки ба металлҳои сиёҳ ҳам наздик мешаванд. Аз рўи сатҳи истифодаи ҳозира ва пешбинишуда саноати ҷаҳон ба садҳо сол бо захира ва манбаъҳои аксарияти металлҳои нодир таъмин мебошад.
  11. Айни замон, дар қаъри замин захираҳои ашёи хомро дар муқоиса бо сатҳи истифодаи ҳозиразамони онҳо барои аксарияти металлҳои нодир беканор ҳисобидан мумкин аст. Хелҳои нави конҳои металлҳои нодир ва объектҳои нав нисбатан ба наздикӣ кашф гардиданд ва ба геологҳо лозим меояд, ки бо мақсади зиёд намудани ин кашфиётҳо, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон, иловатан қонунияти ташаккул ва ҷойгиршавии онҳоро омўзанд.
  12. Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти металлҳои нодир Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Комбинати фузулоти нодири Ленинобод”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш – Исфаринский гидрометаллургический завод” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Востокредмет” машғул буданд, ки айни замон то 10 – 15 фоизи иқтидори истеҳсолиашон кор мекунанд.
  13. Дар асоси таҳлил ва арзёбии ҳолати базаи ашёи минералии ҷумҳурӣ Барномаи давлатии омўзшли геологии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016 – 2026 (минбаъд – Барнома) таҳия карда шуд.
  14. Дар Барнома масъалаҳои ҷустуҷў, иктишоф ва баҳодиҳии захираҳои металлҳои нодир дар пегматитҳо баррасӣ гардида, нақшаи марҳилавии корҳои иктишофи геологии ба имкониятҳои хадамоти геологии Тоҷикистон ҷавобгў тартиб дода шудааст.
  15. Фармоишгари корҳои дар Барнома пешбинишуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми иҷроияи ин корҳо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Саридораи геология) мебошад.
  16. Дар Барнома вазъи кунунии омўзиши геологии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба металлҳои нодир то соли 2014 таҳлил карда шуда, самтҳои корҳои иктишофи геологӣ ва натиҷаҳои чашмдоштшаванда муайян гардидаанд. Инчунин,- бо мақсади сари вақт, самаранок ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда манбаъҳои молиявӣ ва таҷҳизонии техникии соҳа баррасӣ карда шудаанд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

  1. Мақсади асосии Барнома тавсеаи базаи ашёи минералии металлҳои нодир, дар асоси он барқароркунии корхонаҳои кўҳию маъдантозакунии металлҳои нодир ва ташкили корхонаҳои нави маъдантозакунӣ мебошад.
  2. Барои ноил гаштан ба ин мақсад дар Барнома иҷрои вазифаҳои муҳими зерин пешбинӣ шудааст:

– амалӣ кардани чорабиниҳое, ки ба таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ равона шудаанд;

– ба таври комплексӣ ва марҳила ба марҳила омўхтани қаъри замин бо мақсади тавсеаи базаи ашёи минералии металлҳои нодир; – таъмини афзоиши захираҳои иктишофшудаи металлҳои нодир;

– таъмин намудани корҳои иктишофи геологӣ бо маводҳои моддию техникӣ.

  1. Барнома имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мушаххаси омўзиши майдон ва зуҳуроти металлҳои нодири ҷумҳурӣ таҳия ва маблағгузорӣ карда шаванд.

3. Маблағгузории Барнома

  1. Иҷрои Барномаи мазкур пеш аз ҳама ба ташкили механизми маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузории корҳои омўзиши геологии майдонҳои металлҳои нодир бояд чунин сурат гирад, ки ноил гардидан ба мақсадҳои дар Барнома муайяншуда ва ҳалли вазифаҳои гузошташударо таъмин намояд. Барои ин маблағгузорӣ бо тарзи пешпардохти кварталӣ зарур аст.
  2. Дар Барнома тақсимоти маблағҳо аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои мушахассе, ки пештар дар онҳо корҳо оғоз гардиданду анҷоми мантиқии худро тақозо менамоянд, инчунин маблағҳо барои объектҳои ашёи минералӣ, ки вақтҳои наздик аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин дархост карда мешаванд, пешбинӣ гардидааст (замимаҳои 4 ва 5).
  3. Пешбурди корҳои иктишофи геологӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ то марҳилаи иктишофи қаблӣ пешбинӣ шудааст, ҳамзамон пешниҳод мегардад, ки барои ба охир расонидани корҳо оид ба тайёр кардани конҳо барои азхудкунии саноатӣ хароҷот ба зиммаи истифодабарандагони қаъри замин гузошта шавад.
  4. Маълумот дар бораи ҳаҷми маблағгузорӣ, тақсим ва манбаҳои он умуман ва тақсимбандӣ ба солҳо дар бобҳои минбаъдаи Барнома муайян карда шудаанд.

4. Вазъи омўзиши геологии металлҳои нодир дар Тоҷикистон

  1. Омўзиши мақсадноки геологии металлҳои нодир дар Тоҷикистон солҳои 40-ум бо коркарди яквақтаи танаҳои ҷудогонаи пегматитҳо дар ҳудуди қаторкўҳи Туркистон оғоз гардида, баъдан солҳои 60 – 70-и асри XX омўзиши ҷинсҳои ишқорӣ давом ёфтанд.
  2. Айни замон, дар тарози захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон металлҳои нодир ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳамзамон ба ҳар се нуқтаи маъдании металлҳои нодир як зуҳурот рост меояд, ки аз онҳо 10-тоаш ояндадор ҳисобида мешаванд. Инҳо зуҳуроти Гапиров, Александров, Зорбурулгок, Хаданго, Ванҷруд, Ясногор, Родник, Тутек, Самжон, Ҷиндон мебошанд.
  3. Маъданҳои тантал ва ниобий фақат дар ду минтақаи иқтисодии геологӣ: Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ (Помир) маълуманд. Ҳудуди минтақаи аввал, ба ғайр аз қисми шарқиаш, пурра бо аксбардории калонмиқёс фаро гирифта шуда, дар минтақаи дуюм аксбардории геологии миқёси 1:50000 танҳо дар ҳудуди 15 фоизи он гузаронида шуда аст.
  4. Минтақаи иқтисодии геологии Марказӣ. Сарҳади шимолии он аз қаторкўҳи Туркистон гузашта, сарҳади ҷанубиаш бо дарёҳои Қизилсу, Сурхоб, Элоқ бо қисми ҷанубии доманаи қаторкўҳи Ҳисор мегузарад. Дар ҳудуди он қаторкўҳҳои Зарафшон ва Қаротегин низ ҷойгиранд. Манбаи асосии об дарёи Зарафшон бо шохобҳояш (Қарокўл, Яғноб) ва дарёи Сурхоб бо шохобҳояш (Ғориф, Дубурса) мебошанд. Баландии миёнаи қаторкўҳҳо 3000-3500 метрро ташкил дода, баландии мутлақи он 45005500 метр аст. Ҳудуди ғарбии ин минтақа аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёртар тараққӣ ёфта, маҳалҳои асосии аҳолинишин шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Панҷакент, Ваҳдат, инчунин ноҳияҳои Айнӣ, Ҳисор, Ғарм, Нуробод, Ҷирғатол ва Кўҳистони Мастчоҳ мебошанд.
  5. Манбаи сўзишвории энергетикӣ конҳои ангиштсанги “ФонЯғноб” ва “Назарайлоқ” мебошанд.
  6. Зуҳуроти металҳои нодир дар шарқи минтақа, дар минтақаи камтар азхудкардашуда ва душворгузари он ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани омўзиши геологӣ 15 майдон ҷудо гардидааст. Ба инҳо майдонҳои пегматитдори Қаросу, Ағбасой, Пайрон, Рохшиф, ТроСамҷон, Ҷиндон-Дакоданг, Назарайлоқ, Иштансалдин, Ёрмазор, Ёсуман, Барзангӣ, Камарсу, Хонақо, Войдара ва Хочилдиёр дохил мешаванд. Тавсифи пурраи ин майдонҳо дар замимаи 1 оварда шудааст.
  7. Минтақаи иқтисодии геологии Ҷанубу Шарқӣ. Қисми ғарбӣ ва шарқии минтақа барои металлҳои нодир нисбатан ояндадор ба ҳисоб мераванд. Сарҳади шимолии минтақа шартан бо водии дарёи Бартанг гузаронида шуда, сарҳади ҷанубӣ бо сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рост меояд. Каторкўҳҳои асосии минтақа Рўшон, Шуғнон, Ишкошим, Шохдара, Вахон, Музкол, Аличури Шимолӣ ва Ҷанубӣ мебошанд. Манбаи оби минтақа дарёҳои Бартанг, Ғунд ва Шохдара мебошад, ки ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешаванд.
  8. Дар натиҷаи дар солҳои 1958 – 1994 гузаронидани омўзиши геологӣ ба ғайр аз майдони пегматитии Намангут боз 13 майдон кашф шуданд, ки нисбати мавҷудияти захираҳои саноатии тантал, ниобий, бериллий, тсезий, литий, қалъагӣ ва унсурҳои нодирзаминӣ гурўҳи ояндадор буда, аҳамияти стратегӣ доранд. Ба онҳо майдонҳои пегматитдори Колхозобод – Таглиххас, Пиш – Хидорҷев, Вездара, Курустики Марказӣ, Курустики Асосӣ, Порҷуз, Шевчор, Ясногор, Агаҷон, Шазуд – Дўзахдара ва Боғчагир дохил мешаванд.
  9. Майдони пегматитии Колхозобод – Таглиххас дар нишебии шимолу ғарбии каторкўҳи Шуғнон ҷойгир буда, масоҳаташ 15 км2-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин майдон 335 танаҳои пегматитии намуди гуногун муайян шудаанд. Ғафсии танаҳои пегматитӣ аз 1 то 60 метр, дарозиашон бошад 20 – 650 метр ташкил медиҳанд. Файзнокии тантал (Та2O5) аз 0,02 то 0,029 фоиз (файзнокии миёна 0,024 фоиз), бериллий (Вi2O5) аз 0,044 то 0,054 фоиз тағйир меёбад.
  10. Майдони пегматитии Пиш – Хидорҷев аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ тўл кашида, дарозиаш 55 км ва бараш 3-4 км-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин майдон 453 рагҳои пегматитӣ муайян шудааст, ки аз ҳама хубтар омўхташудааш минтақаи Пиш – Хидорчев аст. Ин минтақа дар қуллаи қаторкўҳи Вахон ҷойгир мебошад. Дар майдони 4 км2 85 рагҳои пегматитии намуди гуногун муайян карда шудаанд. Рагҳои пегматитӣ гуногуншакл буда дарозиашон аз 5 то 350 метр ва ғафсиашон 2 – 50 метрро ташкил медиҳанд. Рагҳо чунин файзноки доранд (фоиз): окиси бериллий0,042 – 0,55, пентаокиси ниобий – 0,005 – 0,006, пентаокиси тантал – 0,005, окиси литий – 0,57, окиси рубидий – 0,06.
  11. Майдони пегматитии Вездара дар ҳудуди ноҳияи Рўшон, дар болооби шохоби чапи дарёи Вездара ҷойгир мебошад. Дар сохти геологии майдон таҳшинҳои метаморфӣ, кварситҳо ва регсангҳои кварсӣ иштирок менамоянд. Дар ҳудуди ин майдон 13 рагҳои пегматитии металлҳои нодирн ду шакла: мусковит-албитӣ бо сподумен ва сподумен-албитӣ муайян шудаанд. Рагҳои пегматитӣ гуногуншакл буда, ғафсиашон аз 6 то 60 метр, дарозиашон аз 25 то 350 метрро ташкил медиҳанд. Рагҳо чунин файзнокӣ доранд (фоиз): дар пегматитҳои мусковит-албитӣ – пентаокиси тантал – 0,003 – 0,008, пентаокиси ниобий – 0,006 – 0,007, окиои бериллий0,01 – 0,062 ва дар пегматитҳои сподумен-албитӣ – пентаокиси тантал 0,003 – 0,07, пентаокиси ниобий – 0,003 – 0,009, окиси литий – 0,006 – 0,78.
  12. Майдони пегматитии Курўстик дар нишебиичапи водии дарёи Курустик ҷойгир мебошад. Минтақаи Асосӣ дар қисми ҷанубу шарқии шохаи кўҳи Оқбур, дар қисми болоии соҳили чапи дарёи Сулюҷилга, ки шохоби чапи дарёи Курустик мебошад, ҷойгир шудааст. Дар минтақа ду намуди дегматитҳо: албитӣ ва лепидолит – албитӣ бо ғафсии аз 0,5 то 2,53 метр ҷудо карда шудаанд, ки аз 10 то 25 – 30 метр тул мекашанд. Дар минтақа 47 рагҳои пешатитии гуногуншакл бо файзнокии миёнаи пентаокиси тантал – 0,02 фоиз, пентаокиси ниобий – 0,012 фоиз, окиси литий – 0,026 фоиз, окиси рубидий – 0,023 фоиз муайян шуданд. Захираҳои пешакии пентаокиси тантал – 21,8 тонна, пентаокиси ниобий – 11,1 тонна, окиси рубидий – 76,1 тоннаро ташкил медиҳанд.
  13. Майдони пегматитии Порҷуз дар болооби дарёи Порҷуз воқеъ мебошад. Дар он 6 раги пегматити металлҳои нодири шакли мусковиталбитӣ бе сподумен ва бо сподумен муайян карда шудаанд. Пегматитҳо рагмонанд ва линзамонанд бо регсангҳои метаморфию варақсангҳо мутаносиб хобидаанд. Ғафсии ҷинсҳои маъданӣ аз 1,5 – 6 метр то 2060 метр бо дарозии аз 25 – 70 то 250 – 300 метр мебошад. Минералҳои металлҳои нодир аз манган – танталит, колумбит – танталит, касситерит, бериллии натрийдор, амблигонит – монтебразит ва камтар сподумен иборат мебошанд. Файзнокии пентаокиси тантал – 0,017 – 0,02 фоиз, ниобий – то 0,01 фоиз буда, захираҳои пентаокиси тантал пешакӣ то 200220 тонна баҳо дода мешавад.
  14. Майдони пегматитии Ясногор дар миёнаоби дарёи Ҷалан, шохоби рости дарёи Сасиксу, дар байни гнейсҳои биотитӣ ва биотитшпати саҳроӣ ҷойгир шудаанд. Рагҳои пегматитӣ дорои танталит, колумбит, фергюсонит, самарскит, пирохлори сиркон, литий ва бериллийи дона – донаи маҳин мебошанд. Файзнокии пентаокиси тантал аз 0,01 то 0,056 фоиз; пентаокиси ниобий – 0,02 – 1,35 фоиз; металлҳои нодирзамин0,01-3 фоиз; сирконий то 1 фоиз мебошад. Захираҳои ояндадори пентаокиси тантал 225 тонна, пентаокиси ниобий 2700 тоннаро ташкил медиҳанд.
  15. Майдони пегматитии Агаҷон дар болооби дарёи Агаҷонҷилга ҷойгир аст. Дар ҳудуди майдон дар байни регсангҳои кварситмонанд 5 рагҳои пешатитии тахтасанг ва линзамонанд муайян шудаанд. Ғафсии рагҳо аз 7 то 25 метр тағйир ёфта, дарозиашон аз 50 то 300 метр тағйир меёбанд. Пегматитҳо пенталит – микроклинӣ буда, минералҳои металлҳои нодир дар баробари пенталит бо танталит, колумбит – танталит ва берилл алоқаманд мебошанд. Дар рагҳои пегматитӣ пентаокиси тантал бо файзнокии миёнаи 0,0174 фоиз мавҷуд мебошад.
  16. Майдони пешатитии Шазуд – Дўзахдара 102 км шарқтар аз шаҳри Хоруғ, дар мавзеи дарёҳои Ғунд ва Тоқузбулоқ ҷойгир мебошад. Ҳудуди майдон бо баландиҳои мутлақи 3150 – 4600 метр 21 км2 ташкил медиҳад. Майдони маъдандор ба пайдоишҳои ултраметаморфогении комплекси Бачор (Т3) вобаста аст. Маъдани металлҳои нодир дар метасоматитҳои гранитоидӣ ба намуди танаҳои линза ва қабатшакл маҳдуд гардидаанд. Ғафсии танаҳои маъдандор дар метасоматитҳо 0,530 метр (ғафсии миёна 2 метр), дарозиашон то 100 метр (дарозии миёна 50 метр) буда, бо паҳноии 1,2 км ба дарозии 7 км паҳн шудаанд. Файзнокии унсурҳои нодирзамин, аслан гуруҳи тсерий, то 6,1 фоиз мерасад. Дар рагҳои кварсӣ ҷамъшавии баланди пентаокиси тантал то 0,022 фоиз, пентаокиси ниобий то 0,025 фоиз, иттрий то 0,2 фоиз ва торий то 0,952 фоиз муайян карда шудаанд. Ҷамъи ғафсии танҳо бо минерализатсияи нодирзаминӣ 200 метр мебошад. Захираҳо бо дарназардошти паҳншавии нобаробари метасоматнтҳо то жарфи 500 метр ва дарозии 6700 метр арзёбӣ гардидаанд. Захираҳои пешбинишуда бо файзнокии унсурҳои нодирзамин 0,3 фоиз; пентаокиси тантал 0,005 фоиз; иттрий 0,0075 фоиз аз рўи категорияи Р2 – 450 млн. тонна мебошанд. Ҳамин тавр, захираҳои унсурҳои нодирзамини гурўҳи тсерий -1,4 ҳаз. тонна, пентаокиси тантал – 22,5 ҳаз.тонна, иттрий – 33,8 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳанд.
  17. Майдони пегматитии Боғчагир дар байни дарёҳои Аличур ва Сулу – Тағарқақӣ ҷойгир шуда, бо комплекси гранитоиди помир-шуғнони интрузиви Яшилкул вобаста аст. Дар масоҳати майдон ду минтақа ҷудо карда шудаанд: минтақаи Кунтумиш дар водии дарёи Кунтумиш наздикии резиши ин дарё ба дарёи Сулу – Тағарқақӣ. Дар майдони 28 км2 зиёда аз 50 ҷинсҳои пегматитии тахтасангмонанд муайян карда шудаанд. Минерализатсияи металлҳои нодир дар пегматитҳо бо минтақаҳои албитизатсияшавӣ вобаста буда, аслан аз зарраҳои хурда берилл ва колумбит – танталит иборат мебошанд. Файзнокии металлҳо чунин аст (фоиз): окиси бериллий 0,007 – 0,014 (миёна 0,07), пентаокиси тантал 0,002 – 0,004 (миёна 0,003), пентаокиси ниобий 0,003-0,007 (миёна 0,004) ва окиси литий до 1 фоиз. Минтақаи Ортабуз дар нишебии рости водии дарёи Суулу-Тағарқақӣ дар майдони 23 км2 ҷойгир буда, аз 70 рагҳои қабатмонанди пегматит ва аплит – пегматитҳо иборат мебошад. Ғафсии рагҳо аз – 0,1 то 25 метрро ташкил медиҳанд. Минерализатсияи металлҳои нодир аслан бо микроклини албитнок вобаста аст. Дар 30 рагҳои омўхташуда файзнокии (фоиз) пентаокиси тантал 0,006 – 0,007 (миёна 0,007), пентаокиси ниобий 0,003 – 0,004 (миёна 0,003) ва окиси литий то 1 фоизро ташкил медиҳад.

5. Тавсифи манбаъҳои ашёи минералӣ дар минтақаҳо

  1. Вилояти Суғд. Қаъри замини вилояти Суғд аз канданиҳои фоиданоки гуногун ниҳоят бой мебошад. Дар ҳудуди вилоят (26,1 ҳаз. км2) конҳои сурб ва руҳ, висмут, молибден ва волфрам, сурма, стронсий, тилло, нуқра, оҳан, қалъагӣ, симоб, ангиштсанг, нафт ва газ, намаки ошӣ, флюорит, санги сохтмонӣ ва дигар намудҳои ашёи минералӣ барои индустрияи сохтмон, обҳои зеризаминии ошомиданӣ, минералӣ, термалӣ ва саноатӣ, озокерит ва сангҳои заргарӣ муайян гардидаанд. Бо ин заминаи ашёию минералӣ дар вилоят соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ташкил гардидаанд ва рушд меёбанд, аз ҷумла кўҳию маъданӣ, сузишворӣ, энергетикӣ, сохтмонӣ, хоҷагии деҳот, коркарди санг ва ғайра. Доираи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ корхонаҳое, ки ашёи минералиро истифода мебаранд, васеъ гардида, имрўз он қариб ҳамаи ноҳияҳои вилоятро фаро мегирад.
  2. Вилояти Хатлон. Солҳои гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон (24,6 ҳаз.км2) конҳои гуногуни ашёи минералӣ – нафт ва газ, намаки ошӣ, маводи сохтмонӣ, ашё барои истеҳсоли семент, обҳои минералӣ ва гарм, маъданҳои сурбу руҳ, стронсий, тиллои пошхўрда ва дигар намудҳои ашёи минералӣ, ки дар саноат ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ истифода мешаванд, кашф шуданд. Вазъи кунунии заминаи ашёи минералии иқтисодиёти вилоят, чун дар тамоми ҷумҳурӣ, нисбат ба эҳтиёҷоте, ки марҳилаи имрўзаи рушди истеъмолӣ тақозо менамояд, ақиб мондааст. Аз ин рў давом додани корҳои ҷустуҷўи ва иктишофи геологии намудҳои ашёи минералӣ, ки барои хоҷагии халқ ва саноат афзалиятнок мебошанд, зарур аст.
  3. Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон. Дар ҳудуди вилоят (63,7 ҳаз.км2) дар солҳои гуногун конҳо ва зуҳуроти ояндадори 23 намуди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла оҳан, марганс, мис, тиллои таҳҷоӣ, қалъагӣ, волфрам, ашёи аз гилхок (оксиди алюминий) бой, инчунин гилҳо барои истеҳсоли хишт, ашёи сементӣ, зуҳуроти ояндадори нуқра, кони калонтарини ашёи боросиликатӣ, намак, молибден, висмут, асбест, ашё барои истеҳсоли оҳак, аглопоритва васлкунандаи ғайрисементӣ, керамзит, регу шағал ва рег муайян ва иктишоф гардидаанд. Ғайр аз ин дар ҳудуди вилоят обҳои зиёди минералӣ ва термалӣ мавҷуданд.
  4. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Омўзиши геологии муттасили ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмўъ аз соли 1932 оғоз гардидааст. Аз ҳамин давра то имрўз дар ин ҳудуд (28,7 ҳаз.км2) конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок – ашё барои истеҳсоли семент, маводи сохтмонӣ, обҳои минералӣ ва термалӣ, конҳои пегматитҳои хрусталдор ва қалъагидор, оҳан (магнетит), волфрам, қалъагӣ, таилло, сурб, руҳ, флюорит, маъданҳои радиоактивӣ, алюминий, фосфорит, гилҳои ба оташ тобовар, регсангҳои кварсӣ, ангишт (сангин ва антрасит) ва ғайра кашф гардиданд.

Бисёре аз намудҳои номбаршудаи канданиҳои фоиданок ҳамчун заминаи ашёӣ дар корхонаҳои амалкунандаи маъдантозакуии кўҳӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ истифода бурда мешаванд. Бояд зикр кард, ки захираҳои ашёи минералии ҳудуди тавсифшаванда ҳанўз дар саноат ва хоҷагии халқ пурра истифода карда намешаванд.

6. Фондҳои асосӣ, таҷҳизоти техникӣ ва заминаи лабораторӣ

  1. Гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ, сари вақт, самаранок ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои дар Барнома гузошташуда аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи таҷҳизонии техникии соҳа алоқаманд мебошад. Аз ин рў, бояд таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ мунтазам нав карда шаванд. Навсозии воситаҳои асосӣ (таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ, ки ҳангоми марҳилаҳои ҷустуҷўӣ ва ҷустуҷўию арзёбии корҳои иктишофии геологӣ истифодашаванда) ҳам аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, бо роҳи ҳар сол ҷудо намудани маблағҳо аз рўи моддаи “маблағгузории асосӣ”, ҳам аз ҳисоби манбаъҳои дигаристифодаи маблағҳои сармоягузорон, ҷалби грантҳои байналмилалӣ (асосан барои хариди таҷҳизоти лабораторӣ, техникаи компютерӣ ва таъминоти барномавии онҳо) имконпазир мебошад (замимаи 2).
  2. Таҷҳизоти лабораторӣ инчунин ба навсозӣ ва таъмир эҳтиёҷ доранд. Таҷҳизоти мавҷуда ҳаматарафа кўҳна шудаанд ва таъмири таҷҳизоти нуқсондор имкон надорад, зеро онҳо аз истеҳсолот бардошта шуда, қисмҳои такмилӣ ва эҳтиётии онҳо мавҷуд нест. Аз ин рў, хариди таҷҳизоти лаборатории нави дақиқи муосир мувофиқи мақсад аст (замимаи 3).

7. Самти корҳои иктишофии геологӣ ва натиҷаҳои пешбинишаванда

  1. Корҳои ҷустуҷўӣ ва ҷустуҷўию арзёбии металлҳои нодир ва унсурҳои ҳамсафар (унсурҳои нодирзамини гуруҳи тсерий) марҳила ба марҳила гузаронида шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд.
  2. Дар Барнома асосноккунии захираҳо (Р3, Р2) бо дарназардошти намудҳои саноатию геологии зуҳурот ва дараҷаи ояндадории онҳо муайян арзёбй карда шудаанд.
  3. Мувофиқи Барнома дар навбати аввал гузаронидани корҳои ҷустуҷўии миқёси 1:25000 бо арзёбии захираҳо ва баъдан гузаронидани корҳои ҷустуҷўию арзёбӣ бо ҳисоби захираҳои категорияҳои С2 ва Р1 ба нақша гирифта шудааст.
  4. Корҳои ҷустуҷўӣ дар се майдони пегматитдор: Шазуд Дўзахдара, Назарайлоқ ва интрузияи Ходанго гузаронида хоҳанд шуд ва корҳои ҷустуҷўию арзёбӣ бошад, дар зуҳуроти Намангут, Гапиров ва Ясногор ба нақша гирифта шудаанд.
  5. Ҳаҷми маблағҳои зарурӣ ва тақсимоти солонаи он дар замимаҳои 4 ва 5 оварда шудаанд.

Замимаҳои 1-5

Замимаи1

ба Барномаи давлатии омӯзиш ва

арзёбии захираҳои металнҳои нодир

барои солҳои 2016-2026

                              Тавсифи майдонҳои пегматитдори минтақаи Марказӣ

 

Майдони ояндадор (км2) Ҳолати захираҳои пешгӯишуда, ҳаз. т. Файзноки, % Натиҷаи пешбинишаванда
 

 

 

 

Ҳамагӣ Аз он ҷумла  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Р2 Рз  

 

 

 

1 Қаросу (295)
тантал 3,0 3,0 0,012 кон
ниобий 7,0 7,0 0,024 зуҳурот
2 Ағбасой (550)
тантал 15,0 15,0 кон
ниобий 400,0 400,0 кон
3 Пайрон (575)
тантал 7,0 7,0 0,012 кон
ниобий 14,0 14,0 0,024 зуҳурот
4 Рохшиф (125)
тантал 7,0 7,0 0,056 кон
ниобий 370,0 370,0 2,96 кон
5 Тро-Самчон (150)
тантал 0,04 0,04 0,0002 зуҳурот
ниобий 0,12 0,12 0,0008 зуҳурот
6 Чиндон-Дакоданг (462,5)
тантал 5,7 5,7 0,012 кон
ниобий 11,36 11,36 0,024 зуҳурот
7 Назарайлоқ (1725)
тантал 234,0 38,0 196,0 0,135
ниобий 5118,0 247,0 4871,0 2,96
8 Иштансалдин (125)
тантал 7,0 7,0 0,056 кон
ниобий 370,0 370,0 2,96 кон
9 Ермазор(350)
тантал 46,5 10,0 36,5 0,132
ниобий 460,0 50,0 410,0 1,31
10 Ёсуман (375)
тантал 18,0 18,0 18,0 0,048
ниобий 157,0 157,0 0,418
11 Барзангӣ (785,5)
тантал 13,5 13,5 0,017 кон
ниобий 137,0 137,0 0,173 кон
12 Камарсу (550)
тантал 39,0 39,0 0,071
ниобий 724,0 724,0 1,317
13 Хонақо (495)
тантал 35,0 35,0 0,071 кон
ниобий 652,0 652,0 1,317 Кон
14 Войдара
тантал 28,0 28,0 0,071 кони хурд
ниобий 527,0 527,0 1,317 кони миёна
15 Хоҷилдиёр
тантал 7,0 7,0 0,012 кон
ниобий 15,0 15,0 0,024 зуҳурот

                                         Замимаи 2

ба Барномаи давлатии омӯзиш ва

арзёбии захираҳои металлҳои нодир

барои солҳои 2016-2026

Руйхати таҷҳизоти геологӣ, дастгоҳҳои пармакунӣ ва воситаҳои нақлиётӣ  сомонӣ

Номгӯй Ченак Миқдор Нарх
 

 

 

 

 

 

 

 

воҳид ҳамагӣ
1 Таҷҳизоти ҳавофишордиҳандаи тамғаи ПК-9 дона 3 120000 360000
2 Таҷҳизоти ҳавофишордиҳандаи тамғаи ПР-4 дона 3 28000 84000
3 Таҷҳизоти пармагарии дастӣ дона 3 16000 48000
4 Таҷҳизот барои баровардани ҷинсҳои кӯҳӣ дона 3 22400 67200
5 Дастгоҳи пармагарии колонкавии намуди ХУ-1 дона 3 75000 225000
6 Дастгоҳи пармагарии колонкавии намуди ХУ-2 дона 3 130000 390000
7 Техникаи роҳсозӣ (булдозери тамғаи Б-10М) дона 3 720000 2160000
8 Пойгоҳи обкашии НБ-32 дона 3 52000 156000
9 Автомашинаи сабукрав дона 3 103400 310200
10 Автомашинаи ҳарҷогард дона 3 284320 852960
11 Радиометри тамғаи СРП- 69-01 дона 3 10340 31020
Ҳамагӣ 4684380

Замимаи 3

 ба Барномаи давлатии омӯзиш ва

арзёбш захираҳои металлҳои нодир

           барои солҳои 2016-2026

                                        Рӯйхати таҳизотҳои лаборатори сомонӣ

Таҷҳизот Ченак Миқдор Нарх
 

 

 

 

 

 

 

 

воҳид ҳамаги
12 Спектрометри эмиссионнӣ бо камонаки ҷараёни доимӣ дона 1 930600 930600
13 Спектрометри рентгению спектралӣ дона 1 2060000 2060000
Ҳамагӣ 2990600

    Замимаи 4

ба Барномаи давлатии омӯзиш ва

арзёбии захираҳои металлҳои нодир

барои солҳои 2016-2026

Маблағгузории Барнома аз ҳисоби сармояи давлатӣ барои солҳои 2016-2026 сомонӣ

Номгӯй Арзиши ■ корҳо 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022 2023 2024 2025 2016-2026
 

 

 

 

 

 

Нақша Нақша Нақша Нақша Нақша Нақша Нақша Нақша Нақша Нақша  

 

Маблағгузории асосӣ 2059893 2059893
Лимити маблағгузорӣ ба корҳои иктишофии геологӣ 34580000 345000 3870000 3020000 3983000 4200000 4205000 3997000 3950000 3773000 2287000 34580000
1 Корҳои ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ дар зуҳроти Намангут 3700000 37000 370000 370000. 383000 500000 500000 400000 400000 370000 370000 3700000
2 Корҳои ҷусгуҷӯӣ-арзёбӣ дар зуҳуроти Гапиров 5300000 53000 600000 600000 600000 700000 700000 647000 600000 500000 300000 5300000
3 Корҳои ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ дар зуҳуроти Ясногор 8190000 81000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 509000 8190000
4 Корҳои ҷӯстуҷӯӣ дар майдони пегматитдори Шазуд-Дӯзахдара 8190000 82000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 950000 508000 8190000
5 Корҳои ҷустуҷӯӣ дар интрузияи Ходанго 4500000 45000 500000 550000 550000 550000 555000 500000 500000 500000 250000 4500000
6 Корҳои ҷустуҷӯӣ дар майдони Назарайлоқ  4700000 47000 500000 550000 550000 550000 550000 550000 550000 503000 350000 4700000

   Замимаи 5

ба Барномаи давлатии омӯзиш ва

арзёбии захираҳои металлҳои нодир

барои солҳои 2016-2026

                           Маблағгузории Барнома аз ҳисоби сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2026

Номгӯ Ҷойгиршавӣ Кандании фоиданок Ҳолати захираҳои ояндадор, т Марҳилаи омӯзиш Маблағгузории пешбинишаванда   сомонӣ
1 Корҳои ҷӯстуҷӯӣ дар майдони пегматитдори Курустик

 

 

 

Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ

 

 

 

Тантал 21,8 Корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ

 

 

 

27000000
 

 

Ниобий 11,1  

 

 

 

Рубидий 76,1  

 

2 Корҳои ҷӯстуҷӯӣ дар майдони пегматитдори Порчуз Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ Тантал 200,0 Корҳои ҷустуҷӯии дақиқ ва арзёбӣ 22000000
3 Корхои ҷӯстуҷӯӣ дар майдони металлҳои нодири Иштансалдин

 

 

Минтақаи Марказӣ

 

 

Тантал 7,0 Корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ

 

 

18000000
 

 

Ниобий 370,0  

 

4 Корҳои ҷӯстқҷӯӣ дар майдони пешатитдори Пайрон

 

 

Минтақаи Марказӣ

 

 

Тантал 7,0 Корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ

 

 

19000000
 

 

Ниобий 14,0  

 

5 Корҳои ҷустуҷӯӣ дар майдони металлҳои нодири Ёрмазор

 

 

Минтақаи Марказӣ

 

 

Тантал 46,5 Корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ

 

 

23500000
 

 

Ниобий 460,0  

 

6 Корҳои ҷустуҷӯӣ дар майдони металлҳои нодири Рохшиф

 

Минтакаи Марказӣ

 

 

Тантал 7,0 Корҳои ҷустуҷӯии дақиқ ва арзёбӣ

 

 

20500000
 

 

Ниобий 370,0  

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …