Главная / Илм / ДИСФАГИЯ

ДИСФАГИЯ

disfagiyaДИСФАГИЯ (Dysphagia), халал ёфтани қобилияти фурӯ бурдани луқма. Сабабҳои Д. гуногун мебошанд, мас., баста будани роҳи болои ҳозима (балъум, сурхрӯда), осеб доштани девораи он, ихтилоли асабгирӣ, ташаннуҷи сурхрӯда ва ғ. Д. ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ ва омосҳои забон, балъум, сурхрӯда ё бофтаю уқдаҳои лимфавии онҳо, яра шудани девораи роҳи болои ҳозима, фалаҷи майнаи дарозрӯя, баъзан дар вақти неврозҳо, невралгияи асабҳои сетора, забону балъум ва болои ҳалқ пайдо мешавад. Д.-и бардавом боиси лоғарӣ ва пайдоиши бемориҳои дигари аъзои ҳозима мегардад.
Барои муолиҷаи Д. сабабҳои онро бартараф кардан лозим аст. Баъзан аз эзофагостома ва гастростома низ истифода мекунанд. Беморон бояд луқмаро хуб майда карда, кам-кам фурӯ диҳанд. Ғизо бояд ҷӯш ва тунд набошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …