Главная / Илм / ДОҒИ КУНҶИДАК

ДОҒИ КУНҶИДАК

dogi-kunchidakДОҒИ КУНҶИДАК (Ephelides), як навъ холҳои хурди қаҳваранги зардтоб, ки дар ҷойҳои кушодаи бадан (бештар дар рӯй) пайдо мешаванд. Д. к. зуҳуроти хоси ирсии пигментатсия (ранг гирифтан)-и пӯст аст. Д. к. баҳору тобистон аз таъсири нури офтоб зиёд мегардад.
Барои пешгирии Д. к. аз моҳи феврал сар карда, то охирҳои тирамоҳ пеш аз ба кӯча баромадан, ба рӯй кремҳои махсус молида, упои гулобӣ (ба 50 г упо як қошуқча салол, уротропин ё хинин илова карда) задан ҷоиз аст. Ҳангоми аз ду соат зиёд дар офтобрӯя гаштан, такроран крем молида, упо мезананд. Дар рӯзҳои офтоб кулоҳи лапарпаҳн мепӯшанд ё чатр мегиранд. Д. к.-ро дар натиҷаи ба пӯст молидани оби лиму (ба як истакон оби хунук чанд порча лиму) ё обе, ки решаи кӯфтаи ҷаъфарӣ дорад, нопадид мегардонанд. Обро бегоҳӣ тайёр карда, пагоҳӣ баъди полудан истифода мебаранд. Дар мавриди мӯътадил ё равғанин будани пӯст маҳлули 3%-и пероксиди гидроген мемоланд. Тобистон бо афшураи бодиринг ё қоти сиёҳ пок кардани рӯй муфид аст. Бо шири турш, ҷурғот, кефири 2 – 3-рӯза шустани рӯй низ тавсия мешавад. Пешакӣ рӯйро тоза шуста крем мемоланд ва баъди дуним соат бақияи онро бо пахта ё сачоқ пок мекунанд. Чунин кремҳоро рӯзона молидан норавост, чунки аз таъсири нури офтоб пӯст ба ангезиш омада, пигментатсияи он зиёдтар мешавад. Крем ва зимодҳои симобдорро фақат бо таъиноти духтур истифода мебаранд. Пеш аз табобат бо духтури косметолог маслиҳат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …