Главная / Илм / ДИСБАКТЕРИОЗ

ДИСБАКТЕРИОЗ

disbakteriozДИСБАКТЕРИОЗ (Dysbacteriosis), тағйир ёфтани таркиб ва таносуби миқдории микрофлораи зарурии узвҳои тиҳӣ (холӣ), ки ба муҳит (мас., роҳи болои нафас, рӯда) ва пӯсти одам тамос доранд.
Фаъолияти физиологии организм ва неруи муҳофизии он ба ҳаёти микрофлораҳо сахт марбут аст. Микрофлораи зарурие, ки дар рӯда, роҳи болои нафас ва пӯсти одам зиндагӣ мекунанд, одатан, ин узвҳоро аз таъсири микроорганизмҳои бемориовар ҳифз менамоянд. Қонунияти мазкур хусусан дар микрофлораи рӯда хуб омӯхта шудааст.
Д. сабабҳои гуногун дорад, мас., тағйир ёфтани муҳит, тарзи ғизогирӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, бемориҳо ва ғ. Яке аз сабабҳои асосии Д. худсарона ва беназорат истеъмол кардани доруҳои зиддибактериявӣ мебошад. Дар ин маврид микрофлораи зарурии организм зери таъсири дору маҳв гашта, микрофлораи нисбати доруҳо пурбардошт зиёд мешавад. Дар ҳама гуна маврид ба инкишофи Д. ихтилоли масуният (иммунитет)-и организм мусоидат мекунад.
Ҳангоми Д. мумкин аст баъзе намудҳои микрофлораи зарурӣ (мас., бифидобактерияҳо, қаламчамикроби рӯда ва туршонандаи шир ва ғ.) нест гашта, ба ҷои онҳо микроорганизмҳое пайдо шаванд, ки қаблан вуҷуд надоштанд ё хеле кам буданд (мас., занбӯруғҳои ҷинси кандида, стафилококкҳо, протеяҳо ва ғ.). Дар ин маврид организм заиф шуда, илтиҳоби узвҳо ва ҳатто уфунат (сенсис) ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт бемориҳое, ки бар асари Д. рух менамоянд, табобати махсусро тақозо мекунанд.
Муолиҷаи Д. бояд ба таври комплексӣ сурат гирад. Доруҳои биологии бактериявӣ, ки таркибашон аз бифидобактерияҳо иборат аст, бактерияҳои бемориоварро маҳв сохта, масунияти организмро меафзоянд. Дар ин бобат истифодаи доруҳои тақвиятбахш низ нафъ дорад. Ҳангоми Д.-и рӯда доруҳои ферментӣ (панзинорм, фестал ва ғ.) таъин мекунанд. Истифодаи антибиотикҳо ҳамон вақт ҷоиз аст, ки агар дар микрофлораи мариз ангезандаи ягон бемории сироятӣ ошкор шуда бошад.
Барои пешгирии Д. роҳ надодан ба истифодаи худсарона ва беназорати доруҳои зиддибактериявӣ муҳим аст. Баъди муолиҷа ба доруҳои зиддибактериявӣ доруҳои бактериявиро кор намефармоянд. Истеъмоли хӯроки серғизо низ барои ҷилавгирии Д. аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …