Главная / Илм / ДИСГИДРОЗ

ДИСГИДРОЗ

disgidrozДИСГИДРОЗ (Dyshidrosis), дар пӯсти кафи дасту по, баъзан дар ангуштон дамидани обилачаҳо. Обилачаҳо моеъи шаффоф дошта, дар пӯст чуқур ҷой мегиранд. Ҷои иллатӣ хориш ва сӯзиш мекунад.
Сабаби Д. руст шудани маҷрои ғадудҳои арақ аст. Одатан дар одамони серарақ ба мушоҳида мерасад. Дар бештарин ҳолатҳо сабаби Д. ихтилоли фаъолияти асабу рагҳои пӯст мебошад. Д. дар фасли гармо бинобар бисёр арақ кардан пайдо мешавад. Д. мумкин аст ба бемориҳои римноки пӯст (пиодермия) низ табдил ёбад.
Д.-ро бо доруҳои зиддигистаминӣ, глюконати калтсий, беллоид, витаминҳои В1, С, рутин, доруҳои пешоброн муолиҷа мекунанд. Истифодаи маҳлули сусти перманганати калий, маҳлули 2%-и резортсин ё маҳлули 1%-и лактати этакридин (риванол) низ муфид аст. Мариз бояд аз истеъмоли намак худдорӣ намояд.
Барои пешгирии Д. обутоби организм, муолиҷаи гипергидроз, рафъи омилҳое, ки муҷиби серарақӣ мешаванд (мас., напӯшидани пойафзори резинӣ, ҷӯроби сунъӣ ва ғ.) аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …