Главная / Илм / ДИСХРОМИЯИ ПӯСТ

ДИСХРОМИЯИ ПӯСТ

dishromiya-kozhiДИСХРОМИЯИ ПӯСТ, халал ёфтани ранги пӯст. Сабаби он мумкин аст ихтилоли ҳосил ва ҷамъ шудани пигменти меланин, дар пӯст таҳшон гаштани пигменти гемосидерин ва каротин бошад. Ҳангоми халал ёфтани ҳосилшавии меланин метавонад гиперпигментатсия (доғи кунҷитак, хлоазма) ё дипигментатсия (песӣ, лейкодерма) рух намояд.
Сабабҳои Д. п. гуногун мебошанд. Мас., он мумкин аст дар натиҷаи таъсири моддаҳои химиявӣ, аз ҷумла доруҳо ба вуҷуд ояд. Бемориҳои силсилаи асаб ва эндокринӣ, амрози сироятии музмин, нуқси модарзод ва ғ. низ имкон доранд боиси пайдоиши Д. п. гарданд.

Ҳ. Ҷ. Усмонова.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …