Главная / Илм / БӯҲРОН

БӯҲРОН

buhronБӯҲРОН (Crisis), дар рафти беморӣ ногаҳон бад шудани вазъи бемор. Б. мумкин аст дар натиҷаи хастагии зиёд, ҳаяҷону изтироб, кор дар шароити номусоид (дар бинои сершавқун ё ҳавояш дам, ҳангоми тартиби нодурусти меҳнату истироҳат), тағйири обу ҳаво, истеъмоли ғизои барои бемор мамнӯъ, аз ҷумла хӯроки серравған, бирён ё сернамак, сӯиистеъмоли шароб ва тамокукашӣ рӯй диҳад.
Б.-и гипертонӣ ҳангоми аз дараҷаи муқаррарӣ ногаҳон баланд шудани фишори артерия рӯй медиҳад. Дар ин маврид сар ба дард медарояд, чарх мезанад, дил беҳузур мешавад, бемор қай мекунад. Маризон аксар вақт аз дарди дил шикоят мекунанд, аммо баъзан фақат заъфи умумӣ, дилбеҳузуриро ҳис карда, вақти роҳгардӣ мекалаванд. Дар мавриди пайдо шудани ин нишонаҳо бемор бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунад.
Б.-и гипотонӣ ногаҳон паст шудани фишори артерия аст, ки дар натиҷаи нуқси шадиди дил ё рагҳо рӯй медиҳад. Дар ин маврид чашм сиёҳӣ мезанад, гӯш маҳкам, дил беҳузур мешавад, эҳтимол бемор аз ҳуш равад (ниг. Беҳушӣ).
Б.-и рагҳои майнаи сар шиддати зудгузари ихтилоли гардиши хун дар майна мебошад. Дар ин маврид дил беҳузур мешавад, сар чарх зада, дард мекунад, бемор мумкин аст қай кунад; баъзан дасту по каме суст ё карахт мешаванд. Фаъолияти организм баъди чунин ихтилоли неврологӣ зуд ва ба куллӣ барқарор мегардад.
Ҳангоми Б.-и асаби наботии рагҳо фишори артерия тағйир меёбад, дил зуд-зуд мезанад, атрофи дил ба дард меояд, ранги рӯй меканад ё сурх мешавад, бемор хунук мехӯрад, арақ мекунад. Баъзан шикам сим-сим ё сахт дард карда, дамиш пайдо мешавад, бемор оруғ мезанад, дил беҳузур шуда, қай менамояд.
Дар мавриди Б.-и тиреотоксикӣ ҳарорати бадан баланд шуда, ранги рӯй меканад ё лолагун мешавад; дил номунтазам ва зуд-зуд мезанад, мариз баъзан хотирпарешон ва ҳатто беҳуш мегардад (ниг. Иғмо).
Ҳангоми бемории Аддисон хурӯҷи иллати кори ғадудҳои болои гурда, яъне Б.-и ғадудҳои болои гурда рӯй медиҳад, ки он боиси заъфи умумӣ, дарди сар ва шикам, қай, хотирпарешонӣ, ҳаяҷон, ташаннуҷ ва баъзан беҳушии бемор мегардад.
Б.-ро духтур муолиҷа мекунад. Худтабобат ҳаргиз ҷоиз нест, зеро зуҳуроти беморӣ ҳангоми Б.-и гуногун монанд бошад ҳам, ҳар як беморӣ тарзи табобати худро дорад. Мас., дар мавриди ҳам Б.-и гипертонӣ ва ҳам гипотонӣ сари бемор чарх зада, дил беҳузур мешавад. Агар сабаби Б.-ро духтур аниқ карда бошад, он гоҳ ӯ доруҳоеро тавсия мекунад, ки бемор ҳангоми зарурат истеъмол менамояд.
Барои одамони гирифтори Б. риояи тартиби дурусти рӯз, табдили меҳнату истироҳат, тағзияи мураттаб ва хоби бароҳат зарур аст. Омилҳоеро, ки боиси Б. мегарданд, ҳатталимкон рафъ кардан лозим. Барои пешгирии Б. иллати асосиро мунтазам табобат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …