БӯГИНАК, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ-кӯҳи Ҳисор, дар болооби д. Кофарниҳон (Сорбо) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 2550 м. Оби чашма камишқор (pH 8,1) буда, аз силикатҳо, гидрокарбонатҳо, нитратҳо, ҳамчунин оҳан, манган, натрий, калий, калсий иборат аст. Он хосияти табобатӣ дорад.
Ад.: Чуршина Н.М., Минеральные воды Таджикистана, Д., 1992.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …