БӯГИНАК (Erigeron conadensus), як навъ гиёҳи худрӯст (то 2 м қад мекашад). Пояи росту сершохча, барги нештаршакли серпашмак, гули майдаи сафедтоб, хӯшагули сабадак дорад. Б. аслан аз Америкаи Шимолӣ буда, дар Европа ва кишварҳои диг. паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон Б. алафи бегона аст; моҳи май гул мекунад. Б. 0,3 – 0,6% равғани эфир (лимонен, дипетен, терпинеол), витамини С, каротин, моддаҳои даббоғию флавоноидӣ, намакҳои минералӣ, холин ва алкалоид дорад. Ҷӯшоби баргу пояи Б. дар табобати илтиҳоби пешобдон, шуш, меъдаву рӯда ва бавосири хуншор истифода мешавад. Табибони халқӣ бо он тарбод, ниқрис (подагра), илтиҳоби гурда, шошадон, простатит, экземаро даво мебахшанд. Табибони украинӣ ҷӯшоби Б.-ро давои исҳол меҳисобанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …