Главная / Илм / БУСИР

БУСИР

verbascum_thapsusБУСИР (Verbassum thapsus), бурмис, думи гов, марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 30 то 180 см қад мекашад. Пояаш рост, сербарг. Баргҳои назди решааш дарозрӯяи яклухт, баргҳои мобайнӣ байзашакл, баргҳои назди гул дарозрӯяи нӯгтез. Гулаш зард, дар хӯшагули сараки поя ҷойгир аст. Ғӯзааш байзашакл, тухмаш майдаи бӯртоб. Июн – авг. гулу мева мекунад. Дар ҷойҳои камнам, нишебиҳои серсангу шағал, баъзан дар ҳамвориҳо, атрофи чашмаҳо месабзад. Дар мавзеъҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 1700 – 2900 м аз с.б.) вомехӯрад.
Ба сифати даво хӯшагули Б. истифода мешавад. Онро дар давраи пурра шукуфтанаш ва дар ҳавои офтобӣ ҷамъ меоранд. Рӯзи боронӣ ё баъди рехтани шабнам ғун овардани растанӣ ҷоиз нест, зеро он пӯсида корношоям мешавад. Хӯшагулҳоро дар ҷои соя мехушконанд. Гулбаргҳои нағз хушкида ранги зарди кушод доранд. Онҳоро то 2 сол нигоҳ доштан мумкин аст.
Дар тибби халқии Тоҷикистон гулчойи Б. чун давои исҳоловар, балғамрон, пешоброн ва зидди илтиҳоб аз қадим маълум аст. Ҷӯшоби баргҳои поёнии онро ҳангоми назлаи меъда, рӯда, бемориҳои ҷигар, испурҷ, тарбод, инчунин барои муолиҷаи зиқи нафас, нафастангӣ, сили шуш ва ғ. тавсия медиҳанд.
Дар тибби муосир гул ва гоҳо барги Б. кор фармуда мешавад (дар мавриди сулфа, бемориҳои шуш ва меъда). Баҳри ин 15 – 20 гироми онро дар як истакон оби ҷӯш тар карда, рӯзе 1 – 2 қошуқӣ 3 – 4 маротиба менӯшанд. Бо ин мақсад аз нақеъи гули он низ истифода мекунанд (2 қошуқ гули майдакардаро дар як истакон оби ҷӯш андохта мемонанд ва дар давоми рӯз менӯшанд; кӯдакон онро бояд дар 2 рӯз истеъмол намоянд).
Бо мақсади табобати сулфаи кӯдакон аз гули Б. ва решаи гулхайрӣ шарбат таҳия месозанд: ба як истакон оби ҷӯш аз ҳарду якқошуқчагӣ андохта, 200 г шакар илова мекунанд ва то ғафс шудан, меҷӯшонанд; сипас даворо хунук карда меполонанд ва рӯзе 4 – 6 маротиба бо қошуқи чойнӯшӣ меошоманд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …