Главная / Илм / БУХТИШӯЪ ИБНИ ҶУРҶИС

БУХТИШӯЪ ИБНИ ҶУРҶИС

imagesБУХТИШӯЪ ИБНИ ҶУРҶИС (с. тав. номаълум – ваф. 801), табиби гундишопурӣ. Аз масеҳиёни насронии Эрон буда, дар хонадони бухтишӯъиҳо ба воя расидааст. Табиби хоси се халифаи аббосӣ – Маҳдӣ, Ҳодӣ ва Ҳорунуррашид буд. Як бор дар замони Маҳдӣ ва бори дигар дар замони Ҳорунуррашид аз Гундишопур ба Бағдод омада, ҳамчун табиби хос ба муолиҷаи халифаҳо пардохта аст. Ҳикоят аст, ки қабл аз табиби хос таъйин шудан, Ҳорунуррашид ба вазири худ Яҳёи Бармакӣ фармуд, ки Б.-ро имтиҳон кунанд. Яҳё пизишкони номдори Бағдодро барои ин амр даъват кард. Ҳамагӣ гуфтанд, ки миёни мо касе нест бо ин мард баҳс кунад, зеро ӯ ва падару амсолаш дар зумраи файласуфонанд. Ин гувоҳи он аст, ки тиб дар хонадони Бухтишӯъ равиши илмӣ-мантиқӣ дошт. Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки Бухтишӯъ барои писараш Ҷабраил «Ат-Тазкира» ном китобе таълиф кардааст.
Ад.: Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …