Главная / Илм / ВЕНТИЛЯТСИЯ

ВЕНТИЛЯТСИЯ

ventiliatsiia (Ventilatio), иваз кардани ҳавои даруни бино бо ҳавои тоза. Ҳангоми дар дохили иқоматгоҳ ё бино будани одамон тадриҷан ҳавои он вазнин мешавад. Дар натиҷа дар таркиби ҳаво миқдори гази карбонат ва диг. маҳсулоти мубодилаи моддаҳо (аммиак, сулфиди гидроген ва ғ.), ҳамчунин ғубори алави газ, буғи матбах, ҳарорат, намӣ ва ғ. меафзояд.
В. ду хел мешавад: табиӣ ва сунъӣ. Ҳангоми В.-и табиӣ ҳаво ба воситаи бодхон (равзан) ва сӯрохи дару тирезаҳо дар натиҷаи фарқи ҳарорати даруну беруни бино иваз мегардад. Чунин тарзи шамол додани хона доимӣ нест, бинобар ин беҳтараш бодхони тирезаро боз монед. В.-и сунъӣ бо ёрии таҷҳизоти махсус (бодкашҳо, компрессорҳо, насосҳо, кондитсионер ва ғ.) ба ҷо оварда мешавад.
Беҳтарин роҳи иваз кардани ҳавои хона дутарафа шамол додани он (ба шарте, ки тирезаҳо дар муқобили якдигар бошанд) аст. Агар ҳавои берун хунук бошад, хонаро дар вақти набудани одамон шамол додан лозим, зеро аз таъсири ҷараёни ҳавои сард эҳтимол бемориҳои назлавӣ (грипп, зуком, ва ғ.) рух намоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …