Главная / Илм / ВЕНОСЕКСИЯ

ВЕНОСЕКСИЯ

venoseksiyaВЕНОСЕКСИЯ (Venaesectio; аз вена ва sectio – буридан), чок кардани вена. В. дар сурати имконнопазир будани венопунксия (мас., ҳангоми чуқур ҷойгир ва нонамоён будани вена) ба амал оварда мешавад. В.-ро асосан дар ҳолатҳое кор мефармоянд, ки агар ҳангоми табобат зарурати ба варид дуру дароз фиристодани доруҳо пеш ояд. В. ҳангоми гемосорбсия низ истифода мегардад.
В.-ро, одатан, дар хами оринҷ, бозу, баъзан соқи по (буҷулак) ба амал меоранд. В. зери беҳиссозии мавзеӣ гузаронда мешавад. Ҷои аз В. болотарро бо резин мебанданд ва маҳлули антисептикӣ (маҳлули спиртии йод, хлоргексидин ва ғ.) мемоланд; сипас атрофи мавзеи амалиётро бо дастмолчаи тамйизӣ пӯшонда пӯстро ба дарозои вена чок мекунанд. Вена аз бофтаҳои зери пӯст ҷудо карда мешавад. Баъд ба зери он ду лигатура (ресмон)-и кетгутӣ ё абрешимӣ гузаронда, лигатураи муқобилро гиреҳ мезананд. Аз лигатура дошта венаро боло меоранд ва бо нештар ё қайчӣ девораи онро чок мекунанд; ба сӯрохи вена сӯзан ё катетерро дароварда бо лигатураи дигарӣ мебанданд. Чоки пӯстро дӯхта, бандинаи бесироят мегузоранд. Агар зарурати берун овардани сӯзан ё катетер пеш ояд, пас ҷои В.-ро 6 – 12 соат баста мондан лозим аст. Дар сурати рух намудани нишонаҳои сироят ва флебит сӯзан ё катетерро берун меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …