Главная / Илм / ВЕРМОКС

ВЕРМОКС

vermoxВЕРМОКС, як навъ доруи киҷҷарон. Доираи таъсири васеъ дорад. В. намудҳои гуногуни киҷҷаҳоро маҳв месозад. Самараи он хусусан ҳангоми муолиҷаи энтеробиоз ва трихосефаллёз назаррас аст. В.-ро дар мавриди аскаридоз, анкилостомидоз, стронгилоидоз, тениоз низ кор мефармоянд.
Дар сурати истифодаи бардавоми В. хунро санҷидан лозим аст. Зеро он метавонад ба таркиби хун ва фаъолияти ҷигар таъсири манфӣ расонад. Истифодаи В. ҳангоми бадпазирӣ барои организм, бемориҳои рӯдаи ғафс (мас., захм доштани он) ва ҷигар, кӯдакони то дусола, занҳои ҳомила (хусусан дар муддати 12 ҳафтаи аввал) ва синамакон манъ аст.
Ба таъсироти номатлуби В. дамидани бусурот дар пӯст, варами Квинке, заиф шудани иммунитет, рух намудани камхунӣ, хунпешобӣ, рехтани мӯй ва ғ. мансубанд. Дар мавриди бисёр будани киҷҷа ва зуд ихроҷ шудани онҳо дилбеҳузурӣ, қай, шикамдард, сарчархӣ ва диг. ноҷуриҳо рух менамоянд. Дар давраи муолиҷа аз истеъмоли машруботи спиртдор ва ғизои серравған худдорӣ кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …