Главная / Илм / ВЕШИМ

ВЕШИМ

veshimВЕШИМ (Angelica ternate), гиёҳест бисёрсола. То 80 см қад мекашад. Пояи дарунхолӣ, барги сепарра, гултӯдаи чатрмонанд ва меваи байзашакл дорад. Июл – окт. гулу мева мекунад. Дар Тоҷикистон дар қ.-кӯҳҳои Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз то баландии 3500 м аз с. б. паҳн шудааст. Дар водии Зарафшон чун гиёҳи хӯрданию хушбӯй ва шифобахш маълум аст. В. моддаҳои даббоғию кумаринӣ, пайвастҳои флавоноидӣ, кислотаҳои органикӣ, равғани эфир, витамини С, микроэлементҳо ва ғ. дорад.
Тоҷикон реша ва баргу пояи В.-ро чой карда менӯшанд, ба таом меандозанд. Дар тибби халқӣ ҷӯшоб ва қиёми алафи навруста ва решаи В. давои хунбанд, балғамовар, рафъи илтиҳоб, хобовар, муқавии дил, пасткунандаи фишори хун маҳсуб мешавад. Онро барои муолиҷаи заъфарма, бронхит, илтиҳоби шуш, сил, ангина, реши меъдаву рӯда, қабзият ва дарди санги гурда тавсия медиҳанд. Чойи алаф ва решаи он иштиҳоовар ва пешоброн аст.
В. ғилзати хун ва тарашшӯҳи шираи меъдаро зиёд мекунад. Бинобар ин истифодаи он барои ашхосе, ки сактаи дилро аз сар гузаронидаанд, инчунин дар мавриди тромбоз ва илтиҳоби меъда зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …