Главная / Илм / ВИБРОТЕРАПИЯ

ВИБРОТЕРАПИЯ

vibroterapiyaВИБРОТЕРАПИЯ (аз лот. vibrare – алвонҷ додан, ларзидан ва терапия), бо мақсади муолиҷа ба ҷисми бемор ё ягон узви он расондани таъсири механикии ларзишовар. В.-ро метавон бо даст (мас., ҳангоми масҳ) ё асбобҳои махсус (курсӣ, кат ва суффачаҳои навасонӣ) гузаронд. Дар мавриди В. аз обзан (ванна)-ҳои навасонӣ низ истифода мебаранд (навасон ба тавассути об интиқол меёбад).
В. ба ҳаракати мӯътадили хун мусоидат карда, мубодилаи моддаҳоро беҳтар менамояд, таъсири таскинбахш ва зидди илтиҳобӣ мерасонад. Он ҳамчунин рагҳоро васеъ, кори дилро тез, фаъолияти меъда ва рӯдаҳоро беҳтар месозад. В.-ро барои муолиҷаи невритҳо, плекситҳо, дарди қуян (радикулит), беморию осебҳои дастгоҳи такяву ҳаракат, артритҳо, амрози вазоифии рӯдаҳо (мас., қабзияти шикам), илтиҳоби банду буғум ва мушакҳо, амрози аъзои таносули занҳо ва мардон кор мефармоянд. Истифодаи В. дар аснои бемориҳои илтиҳобии римдор, хунравӣ, аневризмаи рагҳо, тромбофлебит, омосҳои саратонӣ, ҳомилагӣ, баъди осеби ҳароммағз ва мағзи сар (то як соли баъди осеб ёфтан), камиштиҳоӣ номатлуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …