Главная / Илм / ВИРУСОЛОГИЯ

ВИРУСОЛОГИЯ

virusologiiaВИРУСОЛОГИЯ (Vur(us)ologia; аз вирусҳо ва …логия), вирусшиносӣ, илмест оид ба вирусҳо ва бемориҳои вирусӣ. В. ох. а. 19 баъди аз тарафи олими рус Д.И. Ивановский (1892) кашф шудани микроорганизмҳои нав (баъдтар вирусҳо ном гирифтанд) аз микробиология ҷудо ва фанни мустақил шуд. Қариб 1500 навъи вирусҳо маълуманд, ки боиси бемориҳои сироятии одам, ҳайвонот, ҳашарот, растанӣ ва бактерияҳо мегарданд. Дар бисёр мамлакатҳо муассисаҳое мавҷуданд, ки ба ҷудо кардану таҳқиқ намудани вирусҳо, инчунин ташхис, пешгирӣ ва табобати амрози вирусӣ машғуланд.
Зимни пажӯҳишҳо с. 1898 ангезаи оқсил ва с. 1901 ангезаи гепатити вирусӣ ошкор гардид. В. хусусан а. 20 ривоҷ ёфт. Олимон ба таҳқиқи табиати вирусҳо ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ (бо истифода аз микроскоп), изотопҳои радиоактив, таҳлили рентгеноструктурӣ даст зада, ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд.
В. ба чанд соҳаи мустақил (В.-и умумӣ, В.-и кишоварзӣ, В.-и тиббӣ) ҷудо мешавад. В.-и умумӣ афзоиш, таснифу қонунияти таҳаввул, таҳқиқи биологию физиологии вирусҳо, ташхиси вирусологию серологии вирус, муолиҷаи амрози вирусӣ ва ғ.-ро меомӯзад. Мавзӯи тадқиқи В.-и кишоварзӣ касалиҳои ҳайвонот ва растанӣ аст. В.-и тиббӣ оид ба этимология, тарзи пешгирии сироят, усулҳои тадқиқи вирусҳо баҳс мекунад.
Дар Тоҷикистон тадқиқоти вирусологӣ с-ҳои 20-уми а. 20 ба роҳ монда шуданд. С. 1928 дар лабораторияи табларзаи хунрез ва сирояти арбовирусии Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва гигиена роҳҳои пайдоиши бемориҳои сироятии хавфнок мавриди омӯзиш қарор гирифт. Бисёр ҷанбаҳои В. дар ДДТТ ба номи Абӯлалӣ ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ ҶТ, Пажӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳо низ тадқиқ мешаванд. Дар натиҷа бисёр масъалаҳои В. – хосияти инкишофи вируси гепатитҳо ва гриппи вогир, ки ангезааш вируси типи А2 мебошад, мақоми энтеровирусҳо дар пайдоиши амрози меъда, таъсири антибиотикҳо ба вируси трахома, роҳҳои нави муайян сохтани таъсири вируси полиомиелит муқаррар карда шуданд. Алҳол масъалаи мубориза бо бемориҳои зӯҳравии вирусӣ, мас., ВИЧ/СПИД, гепатитҳои В, С, ситомегалия, сироятҳои папилломавирусӣ, вируси табхол, хламидиоз дар мадди аввал қарор дорад. Дар ин самт пажӯҳишҳои назаррас анҷом пазируфтаанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …