Главная / 2018 / January (страница 62)

Архив Месяца: January 2018

ГЕМАНГИОМА

haemangioma

ГЕМАНГИОМА (аз гемо…, angeion – раг ва …ома – омос), омоси ғайрисаратонӣ, ки бинобар нуқси инкишоф дар рагҳои хунгард падид меояд. Г. метавонад дар луобпардаҳо, мас., ҷавфи даҳон, ҷигар ва ғ. пайдо шавад, вале дар бештарин мавридҳо он дар пӯст, хусусан пӯсти рӯй ва гардан ҷой мегирад. Г. бисёр вақт …

Муфассал »

ГЕМАРТРОЗ

gemartroz

ГЕМАРТРОЗ (Haemarthrosis; аз гемо… ва arthron – банд), хуншорӣ дар ҷавфи банд. Бештар дар натиҷаи зарбу лат хӯрдан, гоҳо ҳангоми баъзе бемориҳо, мас., гемофилия ва зангила падид меояд. Дар аснои Г. бандҳо варам карда, дардманд мешаванд; фаъолияти онҳо маҳдуд мегардад. Бо мақсади расондани кӯмаки аввалин банди иллатиро сахт мебанданд, ба …

Муфассал »

ГЕМАТО

gemato

ГЕМАТО…, гемо…, қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба хун нисбат доранд, мас., гематология, гематома, гематурия.

Муфассал »

ГЕМАТОЛОГИЯ

gematology

ГЕМАТОЛОГИЯ (Haematologia; аз гемато… ва … логия), илми хуншиносӣ. Г. сохту вазифаи узвҳои хунофар ва хунро дар ҳолати эътидол ва бемориҳои мухталиф меомӯзад. Г. ҷараёни хунофарӣ ва усулҳои танзими онро тадқиқ намуда, ба омӯзиши масоили ташхис ва муолиҷаи системаи хун ва лахтабандии он машғул аст. Г. бо соҳаҳои гуногуни тиб, …

Муфассал »

ГЕМАТОМА

gematoma

ГЕМАТОМА (Haematoma; аз гем… ва …ома), хуномос, дар натиҷаи хунравӣ дар бофтаҳо ба дараҷаи маҳдуд ғун шудани хун. Г. ҳангоми кафидани раги хун, зарб хӯрдани он, ихтилоли лахтабандии хун ба вуҷуд меояд. Г. дар зери пӯст, устухонпарда, мушакҳо, пардаҳои лӯобӣ ва ғ. пайдо мешавад. Г.-и хурди сатҳӣ оқибати латхӯрии бофтаҳои …

Муфассал »

ГЕМАТУРИЯ

gematuriya

ГЕМАТУРИЯ (аз гем… ва uron – пешоб), бо пешоб хориҷ шудани хун; хунпешобӣ. Агар дар таркиби пешоб хунро бо чашм дидан мумкин бошад, пас онро макрогематурия меноманд; дар мавриди дар зери микроскоп ба мушоҳида расидани эритроситҳо сухан аз боби микрогематурия меравад. Г. аломати бисёр бемориҳои роҳи пешоб аст, мас., омос …

Муфассал »

ГЕМЕРАЛОПИЯ

gemeralopiya

ГЕМЕРАЛОПИЯ (Hemeralopia; аз юн. hemera – рӯз, alaos – кӯр, opos – чашм), шомгоҳон ва дар торикӣ дида натавонистан; ниг. Шабкӯрӣ.

Муфассал »

ГЕМИАНОПСИЯ

gemianopsiya

ГЕМИАНОПСИЯ (Hemianopsia; аз юн. hemi – нисф ва opsis – чашм, босира), маҳдуд шудани доираи назар. Дар аснои нуқси роҳи босира ба мушоҳида мерасад (ҳангоми омоси мағзи сар, осеби ҷумҷумаю майна ва ғ.). Г. якҷинса ва гуногунҷинса мешавад. Дар вақти Г.-и якҷинса тарафҳои якхелаи доираи назари ҳар ду чашм – …

Муфассал »

ГЕМИПЛЕГИЯ

gemiplegiya

ГЕМИПЛЕГИЯ (Hemiplegia; аз юн. hemi – нисф ва plege – зарба), пурра гум шудани имконияти ҳаракати ихтиёрии дасту по аз як тарафи бадан; яке аз шаклҳои фалаҷ. Ба маънои дигар Г. фалаҷи нисфи бадан аст. Агар як даст ё по фалаҷ шуда бошад, онро моноплегия меноманд. Фалаҷи ҳар ду узв …

Муфассал »

ГЕМО

gemo

ГЕМО… гемато… (юн. haima, haimatos – хун), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба хун нисбат доранд, мас., гематология, гематома, гематурия, гемоглобин ва ғ.

Муфассал »