Главная / Илм / ГЕМАТУРИЯ

ГЕМАТУРИЯ

gematuriyaГЕМАТУРИЯ (аз гем… ва uron – пешоб), бо пешоб хориҷ шудани хун; хунпешобӣ. Агар дар таркиби пешоб хунро бо чашм дидан мумкин бошад, пас онро макрогематурия меноманд; дар мавриди дар зери микроскоп ба мушоҳида расидани эритроситҳо сухан аз боби микрогематурия меравад. Г. аломати бисёр бемориҳои роҳи пешоб аст, мас., омос ва сили гурдаҳо, пиелонефрит, бемории санги пешоб, систити хунрез, омоси пешобдон (масона) ва ғ. Г. ҳамчунин метавонад нишонаи ихтилоли лахтабандии хун ҳангоми бемориҳои ҷигар, хун, зангила ва зиёд кардани вояи антикоагулянтҳо бошад. Бо мақсади дуруст ташхис кардани Г. таҳлили сечандаи пешоб кумак мерасонад (пешоби беморро аз аввал, мобайн ва охир дар се истакон мегиранд). Дар истакони якум ба мушоҳида расидани пешоби хунолуд (макрогематурия) аломати осеби пешоброҳа аст (мас., зарбу лат хӯрдан, полип, саратон, сӯзок, сифилис ва ғ.). Мавҷуд будани хун фақат дар истакони охирин (Г.-и терминалӣ) аз иллати қисми ақиби пешоброҳа, гарданаи пешобдон (ниг. Систит), ғадуди зермасона (ниг. Простатит), ҳубобчаҳои манӣ далолат мекунад. Дар ҳар се истакон вуҷуд доштани хун (Г.-и тоталӣ) мумкин аст дар мавриди бемориҳои пешобдон, ҷомчаҳо ва паренхимаи гурда мушоҳида шавад.
Дар ҳар сурати Г. маризро бетаъхир ба назди духтури уролог фиристодан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …