Главная / Илм / ГЕМИАНОПСИЯ

ГЕМИАНОПСИЯ

gemianopsiyaГЕМИАНОПСИЯ (Hemianopsia; аз юн. hemi – нисф ва opsis – чашм, босира), маҳдуд шудани доираи назар. Дар аснои нуқси роҳи босира ба мушоҳида мерасад (ҳангоми омоси мағзи сар, осеби ҷумҷумаю майна ва ғ.). Г. якҷинса ва гуногунҷинса мешавад. Дар вақти Г.-и якҷинса тарафҳои якхелаи доираи назари ҳар ду чашм – рост ва чап маҳдуд мегардад. Барои Г.-и гуногунҷинс маҳдудияти доираи назари дохилӣ ва ё берунии ҳар ду чашм хос аст. Г. аломати асосии ташхисӣ – топографии осеби ин ё он қитъаи роҳи босира мебошад. Г. доимӣ ё муваққатӣ буда, ба тарз ва дараҷаи вазнинии роҳи босира вобастагӣ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …