Главная / Илм / ГЕМАРТРОЗ

ГЕМАРТРОЗ

gemartrozГЕМАРТРОЗ (Haemarthrosis; аз гемо… ва arthron – банд), хуншорӣ дар ҷавфи банд. Бештар дар натиҷаи зарбу лат хӯрдан, гоҳо ҳангоми баъзе бемориҳо, мас., гемофилия ва зангила падид меояд. Дар аснои Г. бандҳо варам карда, дардманд мешаванд; фаъолияти онҳо маҳдуд мегардад.
Бо мақсади расондани кӯмаки аввалин банди иллатиро сахт мебанданд, ба он ях мегузоранд. Дар беморхона бандро рентген (барои инкор намудани шикастагӣ ва баромадагӣ) ва ҷавфи онро пунксия мекунанд; хуни ҷавфи бандро кашида мегиранд ва ба муддати 10 – 15 рӯз гачбандӣ менамоянд; сипас масҳ ва гармишифоӣ таъин карда, иҷозат дода мешавад, ки бандро оҳиста-оҳиста ҳаракат диҳанд. Фаъолияти узв ҳангоми Г.-и осебӣ, одатан, баъди 20 – 25 рӯз барқарор мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …