Главная / Илм / ГЕМАТОЛОГИЯ

ГЕМАТОЛОГИЯ

gematologyГЕМАТОЛОГИЯ (Haematologia; аз гемато… ва … логия), илми хуншиносӣ. Г. сохту вазифаи узвҳои хунофар ва хунро дар ҳолати эътидол ва бемориҳои мухталиф меомӯзад. Г. ҷараёни хунофарӣ ва усулҳои танзими онро тадқиқ намуда, ба омӯзиши масоили ташхис ва муолиҷаи системаи хун ва лахтабандии он машғул аст. Г. бо соҳаҳои гуногуни тиб, аз ҷумла бо илми ҷарроҳӣ, илми муолиҷа (терапия), омосшиносӣ сахт алоқаманд буда, комёбиҳои тибби назарӣ ва амалӣ, усулҳои махсуси муоина (мас., пунксияи гиреҳҳои лимфа, сипурз, ҷигар), инчунин воситаҳои тиббии замонавӣ ва адвиёти аз хуни донор ҳосилшударо кор мефармояд.
Пайдоиши Г. ба кашфи ҳуҷайраҳои хун – эритроситҳо (М. Малпиги, 1661; А. Левенгук, 1673), лейкоситҳо (У. Хюсон, 1673) ва тромбоситҳо (Ж. Гайём, 1878; Ҷ. Биссотсерро, 1882) вобаста аст. С. 1892 олими рус И. И. Мечников фагоситоз ва сонитар олими немис А. Ашофф мавҷудияти системаи ретикуло – эндотелиро кашф карда, дар омӯзиши ҳуҷайраҳои хун саҳми босазо гузоштанд. Давраи ибтидоии Г. ба таҳқиқи камхунӣ (А. Аддисон, 1855; А. Бирмер, 1872) ва сафедхунӣ – лейкоз (Р. Вирхов, 1845; Э. Нейман, 1870) равона шуда буд.
Дар Тоҷикистон Г. солҳои 70-уми а. 20 рӯ ба тараққӣ ниҳод. Олимони тоҷик хусусиятҳои ҳолати мӯътадил ва номӯътадили хун ва аъзои хунофарро дар шароити иқлими гарму баландкӯҳ омӯхтанд. Дар ҷумҳурӣ Маркази илмии хун фаъолият дорад, ки корҳои тадқиқотӣ ва табобатӣ мебарад. Бо унсурҳои асосии хун таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, кӯмаки трансфузиологӣ ба беморон, тайёр намудани мутахассисон, муоинаи маризон ва ғ. аз вазифаҳои асосии марказ аст.
Нишондодҳои муоинаи гематологӣ барои ташхиси амрози ҷарроҳиталаб, гинекологӣ, дохилибатнӣ ва сироятӣ зарур мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …