Главная / 2018 / January (страница 21)

Архив Месяца: January 2018

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ЗАНБӯРУҒҲО

zahroludi-az-zanburugho

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ЗАНБӯРУҒҲО. Заҳролудии шадид аз занбӯруғҳо асосан тирамоҳу баҳор рӯй медиҳад. Вале ба як ҳисоб З. тамоми сол мушоҳида мешавад. Ин далели он аст, ки рағбати мардум ба ҷамъоварӣ, тайёр ва захира кардани занбӯруғҳо афзуда бошад ҳам, онҳо дар бораи занбӯруғҳо маълумоти кофӣ надоранд. Ғайр аз ин пастсифат тайёр …

Муфассал »

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗӣ

zahroludi-az-mavodi-himiyavii-kishovarzi

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗӣ. Ба химикатҳои заҳрноке, ки дар рӯзгор кор фармуда мешаванд, инсектисидҳо (заҳрҳои ҳашароткуш) мансубанд. Моддаҳое, ки барои мубориза бо ҳашароти зараррасон дар хона ва боғоту киштзор истеҳсол мекунанд, хеле заҳрнок мебошанд. Ҳангоми ба роҳи ҳозима ворид шудани хлорофос, карбофос ё нафас гирифтани буғи онҳо заҳролудии шадид …

Муфассал »

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ОКСИДИ КАРБОН

zahroludi-az-oksidi-karbon

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ОКСИДИ КАРБОН. Заҳролудии шадид аз оксиди карбон дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи бухорӣ (бармаҳал пӯшонидани дудкаш, дар мавриди вайрон будани он, сӯхтор, ихроҷи газ ва ғ.) ба амал меояд. Гарчанд З. кам дучор ояд ҳам, ҳоло дар деҳот ҷой дорад. Заҳролудии шадиде, ки ҳангоми сӯхтор аз оксиди …

Муфассал »

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ РАСТАНИҲО

zahroludi-az-rastaniho

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ РАСТАНИҲО. Заҳролудии шадид аз растаниҳои заҳрнок намуди маъмули заҳролудӣ аз хӯрокворӣ мебошад. Чунин заҳролудӣ бештар дар мавсими гарми сол – баҳор, тобистон ё тирамоҳ дар байни сайёҳоне, ки ҳаёти худро дар хатар монда, растаниҳо ё занбӯруғҳои ношиносро дар хӯрок истифода мебаранд, инчунин дар коллективҳои кӯдаконе, ки тобистон ба …

Муфассал »

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҲАЙВОНОТ

zahroludi-az-hayvonot

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҲАЙВОНОТ. Ҳар сол дар ҷаҳон аз газидани морҳои заҳрдор 30 – 40 ҳаз. наф. одам ба ҳалокат мерасад. Дар ИМА соле то 50 млн ҳодисаи газидани ҳашароти бандпой (ору, тортанак, каждум ва ғ.) ба қайд гирифта мешавад. Оқибати марговари неш задани оруҳо назар ба газидани ҷарангмор се маротиба …

Муфассал »

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ШАРОБ

zahroludi-az-sharob

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ШАРОБ. Дар зиндагӣ аз шароб гирифтори заҳролудӣ шудан ҳодисаи муқаррарист. Шароб заҳри таъсираш наркозӣ буда, одамро нафақат маст, балки заҳролуд низ мекунад. Ин, одатан, пас аз истеъмоли миқдори зиёди шароб (бештар аз 500 мл) ба амал меояд. Вале дар ашхосе, ки аз сабаби беморӣ заиф ва хеле хаста …

Муфассал »

ЗАҲРҲОИ КИШОВАРЗӣ

zahrhoi-kishovarzi

ЗАҲРҲОИ КИШОВАРЗӣ, моддаҳои химиявие, ки барои нест кардани ҳашароти зараррасон, кана, хояндаҳо, кирм, нармбаданҳо ва тӯқумшуллукҳо, ҳамчунин дар мубориза бо касалиҳои занбӯруғии растанӣ, маҳви алафҳои бегона, резондани барги растаниҳо, гулу ғӯрраи зиёдатӣ, хушконидани растаниҳо истифода мешаванд. Аксарияти З. к. барои одамон ва ҳайвонот зарар дошта, вайрон кардани меъёру қоидаҳои истифодаи …

Муфассал »

ЗАҲРҲОИ САНОАТӣ

zahrhoi-sanoati

ЗАҲРҲОИ САНОАТӣ, моддаҳои химиявие, ки ҳангоми риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат ба организми одам зарар мерасонанд. Таъсири З. с. фаврӣ ё тадриҷӣ мешавад. Муқаррар гаштааст, ки миқдори ками моддаҳои зарарноки маҳлул ё ҳаво нисбат ба захираи доимии худи ҳамон заҳрҳо (дар тӯли як вақт) ба организм бештар …

Муфассал »

ЗАҲРШИНОСӣ

zahrshinosi

ЗАҲРШИНОСӣ (Toxicologia), токсикология, илмест оид ба хосиятҳои физикӣ ва химиявии заҳрҳо, тарзи таъсир ва тағйироте, ки онҳо дар организм ба вуҷуд меоваранд. З. воситаҳои пешгирӣ ва табобати заҳролудӣ, инчунин имконияти дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани заҳрҳоро дарёфт мекунад. З. аз рӯи вазифа ва усулҳои тадқиқ бо фармакология сахт …

Муфассал »

ЗАЪФАРМА

zafarma

ЗАЪФАРМА, зард гаштани бофтаҳои организми одам бинобар афзудани пигменти талха – билирубин ё маҳсули мубодилаи он дар хун. Ниг. низ Зардпарвин.

Муфассал »