Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ЗАНБӯРУҒҲО

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ЗАНБӯРУҒҲО

zahroludi-az-zanburughoЗАҲРОЛУДӣ АЗ ЗАНБӯРУҒҲО. Заҳролудии шадид аз занбӯруғҳо асосан тирамоҳу баҳор рӯй медиҳад. Вале ба як ҳисоб З. тамоми сол мушоҳида мешавад. Ин далели он аст, ки рағбати мардум ба ҷамъоварӣ, тайёр ва захира кардани занбӯруғҳо афзуда бошад ҳам, онҳо дар бораи занбӯруғҳо маълумоти кофӣ надоранд. Ғайр аз ин пастсифат тайёр кардани занбӯруғҳо метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад.
Занбӯруғҳо ғизои пурқиммат буда, ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: хӯрданбоб, шартан хӯрданбоб (яъне занбӯруғҳое, ки пеш аз истеъмол коркарди махсуси таббохиро металабанд) ва заҳрнок. Одатан, одамон аз занбӯруғҳои заҳрнок ва шартан хӯрданбоб заҳролуд мешаванд.
Аз занбӯруғҳои заҳрнок телпаки қозӣ, марги магас, шайтонзанбӯруғ маъмуланд. Заҳролудӣ аз телпаки қозӣ хеле вазнин мегузарад (то 90 фоизи осебёфтагон ҳалок мешаванд). Ин занбӯруғ дар таркибаш ду гурӯҳи моддаҳои заҳрнок дорад: фаллоидини зудтаъсир ва аманитини дертаъсир, вале бағоят заҳрнок. Ҳар ду ҷигар ва гурдаро аз кор мебароранд.
Заҳролудӣ аз телпаки қозӣ чор давра дорад: давраи ниҳонӣ (аз лаҳзаи истеъмоли занбӯруғ, ки 8 – 24 соат тӯл мекашад); осеб дидани меъдаю рӯда (аз 1 то 6 шаборӯз давом мекунад; дар ин маврид организм аз сабаби исҳол миқдори зиёди об ва намакҳои барои ҳаёт заруриро талаф медиҳад); ихтилоли кори ҷигар ва гурдаҳо (аз шаборӯзи 5 – 6-ум оғоз меёбад); давраи шифо бо барқарор шудани кори узвҳои зарардида (агар бемор зинда монад).
Нишонаҳои З., одатан, пас аз давраи ниҳонӣ пайдо мешаванд. Онҳо ногаҳон падид омада, тез шиддат мегиранд (дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам, исҳоли зиёд, баъзан бо омехтаи луоб ва хун). З. дар кӯдакон хеле вазнин буда, иллати фаъолияти ҷигар аксар вақт ба марг меанҷомад.
Заҳролудӣ аз марги магас (мухамор) кам вомехӯрад, чунки онро аз занбӯруғҳои хӯрданбоб зуд фарқ кардан мумкин аст. Заҳри мускарин, ки дар такриби ин занбӯруғ вуҷуд дорад, боиси ҳаяҷони ҳаракат, ихтилоҷ, тангии мардумаки чашм, афзудани оби даҳон, арақ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай мегардад. Дертар ҳазаён ва таваҳҳум (галлютсинатсия) падид меоянд. Нишонаҳои аввалини З. пас аз 1,5 – 6 соати истеъмоли занбӯруғ пайдо мешаванд.
Аломатҳои заҳролудӣ аз занбӯруғҳои шартан хӯрданбоб (дилбеҳузурӣ, қай, исҳол) пас аз 1 – 3 соати истеъмоли онҳо ба мушоҳида мерасанд. Сабаби заҳролудӣ истеъмоли занбӯруғҳои нодуруст нигоҳдошта ё дуруст пухтанашуда аст. Мариз баъди 1 – 2 рӯз шифо меёбад. Занбӯруғи строчок дар таркибаш кислотаи гелвеллат дорад, ки эритроситҳоро нобуд (гемолиз) мекунад. Аввалин нишонаҳои заҳролудӣ бо дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай, дарди сар (баъди 6 – 10 соат) падид меоянд. Ҳангоми заҳролудии вазнин (2 – 3 рӯз баъд аз гемолиз) зардпарвин инкишоф меёбад. Кислотаи гелвеллат ноустувор буда, ҳангоми таббохӣ зуд вайрон мешавад.
Дар сурати ҳар гуна З., ҳатто агар он хеле сабук бошад ҳам, фавран ба духтур муроҷиат кардан ё зарардидаро ба беморхона бурдан зарур аст. Ба беморони мубталои заҳролудии шадид ёрӣ расонида, ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки самараи он бештар ба табобати бармаҳал вобаста аст. То омадани духтур меъда ва рӯдаи беморро шуста, ӯро ба бистар мехобонанд. Меъдаро бо оби ширгарм, намакоб ё маҳлули сусти перманганати калий мешӯянд. Барои шустани рӯдаҳо маводи исҳоловар (равғани канадона ё намаки исҳол) ва барои пурра тоза шудани онҳо ҳуқнаро истифода мебаранд. Барқарор намудани моеъе, ки организм дар натиҷаи қай ва исҳол гум мекунад, хеле зарур аст. Барои ин ба бемор ҷуръа-ҷуръа оби шӯртаъм менӯшонанд (ин шиддати қай ва дилбеҷоиро паст мекунад) ё чои талх медиҳанд. Ҳангоми З. ба ҳеҷ ваҷҳ нӯшидани машруботи спиртӣ мумкин нест, чунки онҳо мӯҷиби ҷаббиши фаврии заҳри занбӯруғ дар организм мегарданд.
Ҳангоми зуд ба бемористон бурдани зарардида табобати комплексӣ бо истифода аз аппарати «гурдаи сунъӣ» гузаронида мешавад. Ин ҳатто дар мавриди заҳролудии вазнин аз занбӯруғҳо имкон медиҳад, ки бемор наҷот ёбад.
Ад.: Будагян Ф.Е., Пищевые токсикозы, токсикоинфекции и их профилактика, М., 1972.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …