Главная / Илм / ЗАҲРҲОИ САНОАТӣ

ЗАҲРҲОИ САНОАТӣ

zahrhoi-sanoatiЗАҲРҲОИ САНОАТӣ, моддаҳои химиявие, ки ҳангоми риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат ба организми одам зарар мерасонанд. Таъсири З. с. фаврӣ ё тадриҷӣ мешавад. Муқаррар гаштааст, ки миқдори ками моддаҳои зарарноки маҳлул ё ҳаво нисбат ба захираи доимии худи ҳамон заҳрҳо (дар тӯли як вақт) ба организм бештар зарар меоварад.
Металлҳои вазнин, инчунин сурбу симоб, пайвастҳои ароматӣ, нитропайвастҳо, аминопайвастҳо, карбогидридҳои галогендор ва пайвастҳои органикии фосфор аз қабили З. с. мебошанд. Онҳо ба организми зан ва тифли батни ӯ таъсири номусоид мерасонанд.
Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз технологияи истеҳсолот заҳрҳои қотилро рафъ месозанд ё ба ҷои онҳо моддаҳои заҳрнокиашон камро кор мефармоянд. Рӯзи кӯтоҳи кор, рухсатии бардавоми ашхосе, ки бо заҳр сарукор доранд, истифодаи ҳавотозакунак, либоси муҳофизатӣ, противогаз, респиратор, зуд-зуд иваз намудани либоси таг, муоинаи тиббӣ, аниқ кардани одамоне, ки набояд бо З. с. кор кунанд, ғизои шифоӣ ва ғ. аз қабили омилҳои босамари пешгирии З. с. мебошанд.
Илман асоснок кардани акти қонунгузории санитарӣ (масъалаи ба эътидоли гигиенӣ овардани омилҳои муҳити атроф) ва муқаррар намудани ҳадди имконпазири консентратсия (ҲИК; миқдори З. с.-е, ки дар тӯли кори ҳаштсоата то охири умр ба кормандон зарар намекунад) низ бағоят муҳим мебошад. ҲИК дар аснои таҳияи лоиҳаи биноҳои истеҳсолот, ҷараёни технологӣ, таҷҳизот ва вентилятсия ва ғ. меъёри ҳатмии санитарӣ маҳсуб мешавад.
Риояи меъёрҳои ҲИК бояд бо роҳи ташкили ҷараёни муайяни технологӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои санитарӣ такмил додани таҷҳизот таъмин карда шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …