Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҲАЙВОНОТ

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҲАЙВОНОТ

zahroludi-az-hayvonotЗАҲРОЛУДӣ АЗ ҲАЙВОНОТ. Ҳар сол дар ҷаҳон аз газидани морҳои заҳрдор 30 – 40 ҳаз. наф. одам ба ҳалокат мерасад. Дар ИМА соле то 50 млн ҳодисаи газидани ҳашароти бандпой (ору, тортанак, каждум ва ғ.) ба қайд гирифта мешавад. Оқибати марговари неш задани оруҳо назар ба газидани ҷарангмор се маротиба зиёд аст.
Заҳролудӣ дар натиҷаи истеъмоли моҳиҳои заҳрнок соле қариб 20 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад (аз онҳо беш аз 300 наф. ҳалок мегардад).
Ҳайвонот ва ҳашарот (ниг. Ҳайвоноти заҳрдор) дар ҷараёни инкишофи дуру дароз ва мутобиқат ба муҳити атроф заҳрдор шудаанд. «Аслиҳаи заҳрогин» – заҳре, ки онҳо дар мубориза барои ҳаёт истифода мебаранд, гуногун буда, тарзи истифодаи он низ фарқ мекунад. Роҳи фаъоли ба организми ҳариф фиристодани заҳр неш задан (тортанакҳо, занбӯри асал, оруҳо) ва газидан (морҳо) аст. Роҳи ғайрифаъол – ғун шудани заҳр дар баъзе узву бофтаҳост, ки истифодаи онҳо дар хӯрок боиси заҳролудӣ мегардад.
Миқдори морҳои заҳрнок хеле бисёр аст. Дар Тоҷикистон бештар намудҳои гуногуни мори гурза дучор меояд. Ҳуҷуми мори гурза ба одам, одатан, хусусияти мудофиавӣ дорад. Ҷои моргазида дард мекунад, варам ва сурх шуда, мумкин аст ба тамоми дасту по паҳн шавад. Ин зуҳурот натиҷаи ба организми одам таъсир расонидани ферментҳои протеаза ва гиалуронидаза аст. Ферментҳои мазкур боиси нуфузпазирии барзиёди рагҳо ва таровиши қисми моеъи хун ба бофтаҳо мегарданд. Заҳролудии вазнин пайваста бо баланд шудани ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ ва қай ҷараён мегирад. Баъзан (хусусан дар кӯдакон) ташаннуҷ, ихтилоли рӯҳӣ (ҳазён) ва суст гаштани фаъолияти дил мушоҳида мешавад. Заҳри диг. морҳо, мас., кубро ва афъӣ бештар таъсири умумӣ дорад. Ба он заъфи мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои гулӯ ва забон хос аст. Дар натиҷа моргазида наметавонад ҳарф занад ё чизеро фурӯ барад. Нишонаи мудҳиши чунин заҳролудӣ фалаҷи мушакҳои нафас мебошад, ки ба таъсири заҳри кураре шабоҳат дорад.
Пас аз газидани мор бо мақсади расонидани ёрии аввалин фавран аз захм қатраҳои хунро фишурда бароварда, заҳрро бо даҳон макидан ва мунтазам оби даҳонро туф кардан лозим аст. Сӯзонидани ҷои захм ва буридани атрофи он хеле хавфнок мебошад, зеро хатари ба захм ворид шудани микробҳои касалиовар меафзояд. Бастани жгут (сахт бастани даст ё пой) низ ҷоиз нест, чунки гардиши хун халал ёфта, варам ва хуншории зери пӯст ба амал меояд. Беҳаракат нигоҳ доштани узви зарардида (чун дар ҳолати шикасти устухон) бо ёрии ҷабира (шина) ё диг. ашёи дастрас хеле муҳим аст. Ҳарчӣ зудтар гузаронидани позаҳр, ки дар муассисаҳои муолиҷавӣ мавҷуд аст, аҳамияти калон дорад. Одатан, якбора зардоби зидди кузоз ҳам мегузаронанд, чунки захм барои сирояти ангезандаҳои он «дарвозаи даромад» мебошад. Дар ҳама ҳолати газидани мор фавран ба духтур муроҷиат бояд кард.
Ҳангоми газидани ҳашароти заҳрнок, махсусан ғунда ва бий (тарантул) низ ёрии аввалин ва муолиҷа мисли газидани мор аст. Таъсири заҳри онҳо аз заҳри мор бо ҳамин фарқ мекунад, ки ҷои захм сахт дардманд мешавад. Бинобар ин бо мақсади пешгирии шок ба осебдида доруҳои рафъи дард (аналгин, кислотаи асетилсалитсилат) медиҳанд (агар ин доруҳо набошанд, 50 – 100 мл спирти этили 30%-а додан мумкин).
Бисёр неш задани ору ва диг. занбӯрҳо барои одам хавфнок аст, хусусан агар ҳассосият ба таъсири заҳри онҳо зиёд бошад. Дар ин сурат ғайр аз варами ҷузъии бофтаҳо, баланд гаштани ҳарорати бадан ва дарди сахти сар низ мушоҳида шуда, эҳтимол ташаннуҷ ва ихтилоли ҳуш ба вуҷуд ояд. Ҳангоми пайдоиши алоими мазкур ба пешонӣ латтаи тар ё зарфи яхдор мегузоранд, ба шахс як истакон чои сиёҳи ширин нӯшонида, кислотаи атсетилсалитсилат (1 г) медиҳанд, сипас духтурро даъват менамоянд. Агар ору газида бошад, албатта неши онро аз захм баровардан лозим аст.
Ҳаминро низ бояд дар назар дошт, ки тухми намакхӯрдаи баъзе моҳиҳои шикорӣ (ширмоҳӣ, моҳии мӯйлабдор, тосмоҳиҳо) низ сабаби заҳролудии ғизоӣ (қай, исҳол, дарди шикам) мегарданд. Дар ин ҳолатҳо бо мақсади расондани ёрии аввалин меъдаро мешӯянд, доруи исҳоловар (30 г намаки сулфати магний) ва бесалол (1 – 2 қурс) мехӯронанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …