Главная / Илм / ЗАҲРШИНОСӣ

ЗАҲРШИНОСӣ

zahrshinosiЗАҲРШИНОСӣ (Toxicologia), токсикология, илмест оид ба хосиятҳои физикӣ ва химиявии заҳрҳо, тарзи таъсир ва тағйироте, ки онҳо дар организм ба вуҷуд меоваранд. З. воситаҳои пешгирӣ ва табобати заҳролудӣ, инчунин имконияти дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани заҳрҳоро дарёфт мекунад. З. аз рӯи вазифа ва усулҳои тадқиқ бо фармакология сахт алоқаманд аст, зеро вояи зиёди аксар доруҳо мисли заҳр таъсир карда, баръакс, вояи ками баъзе заҳрҳо таъсири шифобахш дорад.
Дар «Вандидод»-и Авесто оид ба заҳролудӣ, усулҳои муборизаи зидди ҳашарот, мор ва диг. ҳайвоноти заҳрдор баъзе маълумот мавҷуданд. Зикри баъзе заҳрҳою таснифоти онҳо ва заҳролудӣ дар тибби Дунёи Қадим – асарҳои Дисқуридус (а. 1 м.) ва Ҷолинус (а. 2 м.) низ ба назар мерасад. Дар инкишофи З. ва ҷустуҷӯи позаҳрҳою тарзи истифодаи онҳо Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва диг. саҳми арзанда доранд.
З.-и илмӣ (миёнаи а. 19) баробари инкишофи тибби таҷрибавӣ ба нашри асари олимони франсавӣ М. Ж. Орфида ва А. Рабюто алоқаманд аст. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши З. дар лабораторияи химияи тибби судӣ, шӯъбаҳои З.-и Пажӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳо, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ва кафедраҳои марбутаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино машғуланд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …