Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗӣ

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗӣ

zahroludi-az-mavodi-himiyavii-kishovarziЗАҲРОЛУДӣ АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗӣ. Ба химикатҳои заҳрноке, ки дар рӯзгор кор фармуда мешаванд, инсектисидҳо (заҳрҳои ҳашароткуш) мансубанд. Моддаҳое, ки барои мубориза бо ҳашароти зараррасон дар хона ва боғоту киштзор истеҳсол мекунанд, хеле заҳрнок мебошанд. Ҳангоми ба роҳи ҳозима ворид шудани хлорофос, карбофос ё нафас гирифтани буғи онҳо заҳролудии шадид ба амал меояд.
Ҳангоми ба роҳи нафас афтодани заҳрҳо сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, ихтилоли босира, таҳайюҷи рӯҳӣ мушоҳида мешавад, осебдида арақи бисёр мекунад. Дар мавриди саҳван истеъмол намудани хлорофос ё карбофос қай, исҳол, дарди сар ва сандуқи сина, рафтани оби даҳону бинӣ ба назар мерасад; дар ҳолатҳои вазнин беҳушӣ, ихтилоҷ, ихтилоли нафас (то ҳадди таваққуфи он), беҳад суст гаштани кори дил, заъфи мушакҳо, паст шудани фишори хун падид меояд.
Дар мавриди пайдоиши нишонаҳои заҳролудӣ аз хлорофос ё карбофос фавран духтурро даъват кардан зарур аст. Ҳангоми заҳролудии роҳи нафас осебдидро то омадани духтур ба ҳавои тоза бароварда, либоси доруолудро мекашанд, ҷойҳои лучи баданро бо об мешӯянд; агар шахс маводи химиявии заҳрнокро истеъмол карда бошад, ба ӯ 3 – 4 истакон об, беҳтараш оби шӯр (0,5 чумча намак дар як истакон об) нӯшонида, бехи забонро зер мекунанд ва қай ба вуҷуд меоранд. Ин амалиётро бояд 4 – 5 маротиба такрор кард. Баъд як чумча дору – намаки исҳол медиҳанд. Додани 5 – 6 қурси бесалол ё бекарбон, нӯшонидани чои гарм бо нони қоқи сиёҳ айни муддаост. Пас аз ин, маризро бе болишт, беҳтараш парӯ хобонда, рӯяшро ба ягон тараф мегардонанд, то ки қай роҳи нафасро набандад. Агар нафаскашӣ мушкил шуда бошад, он гоҳ (қаблан роҳи нафасро аз оби даҳону луоб тоза намуда) ба нафасдиҳии сунъӣ шурӯъ менамоянд. Меъдаи маризи беҳушро метавонад фақат корманди тиб шӯяд.
Барои мубориза бо хояндаҳо зоосидҳо ном моддаҳоро истифода мебаранд. Мушу калламушҳо анвои зиёди хӯроквориро нобуд ва бисёр бемориҳои сироятии барои инсон хеле хавфнок (тоун, туляремия ва ғ.)-ро паҳн мекунанд. Истифодаи чунин заҳрҳои қотил, ба монанди стрихнин, арсени сафедранг, фосфиди рӯҳ манъ карда шудааст. Ба ивази онҳо аз ратиндан (дифенатсин) ва крисид (нафтилмочевина) истифода мебаранд. Ин моддаҳо барои одам заҳрнок нестанд, вале онҳоро тамоман безарар ҳисобидан низ нашояд (метавонанд боиси ихтилоли фаъолияти меъдаю рӯдаҳо шаванд). Пеш аз кор фармудан бо дастури истифодаи онҳо шинос шудан ҳатмист.
Миқдори зиёди моддаҳои заҳрнок дар кишоварзӣ истифода мешаванд. Барои безарар гардондани ғалладона, асосан маводи химиявии органикии симобдор – гранозан, меркуран ва ғ.-ро кор мефармоянд. Онҳо ба организм аз роҳи нафас (ҳангоми нафаскашӣ), тавассути меъдаю рӯдаҳо (мавриди бо оби даҳон фурӯ бурдан, истеъмоли ғизоҳои бо боқимондаи онҳо олудашуда), бо пӯст ва пардаҳои луобӣ дохил мешаванд (ба шири модар низ мегузаранд). Ҳангоми безарар гардондани тухмӣ ва кишти ғалладона бинобар риоя накардани чораҳои эҳтиётӣ низ метавон заҳролуд шуд. Аломатҳои заҳролудӣ аз гранозан ва меркуран пас аз чанд соат, 2 – 3 рӯз ва баъзан ҳафтаҳо зоҳир мегардад. Ҳангоми заҳролудии сабук дарди сар, дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам, беҳолӣ мушоҳида мешавад; оби даҳон рафта, даҳон таъми оҳан мекунад. Дар мавриди заҳролудии вазнин беҳолии ногаҳонӣ, хастагӣ, дарди сар, сарчархзанӣ, беҳушӣ, калавида роҳ гаштан, заъфи хотира, ихтилоли хоб (рӯзона хоболудӣ, шабона бехобӣ) ба вуҷуд меоянд. Асабоният, серҳаяҷонӣ, тарси номафҳум, фиреби назар (галлютсинатсия) ва сомеа мушоҳида мешавад. Зимни осеби вазнини системаи асаб фалаҷи дасту по имконпазир аст. Ихтилоли меъдаю рӯда низ эҳтимол дорад. Баъзан гингивит ва стоматит (милки дандонҳо хуншор гашта, баъзан дар натиҷаи бо оби даҳон ҷудо шудани симоб захм пайдо мекунад), дарди атрофи дил падид меояд.
Ба моддаҳои заҳрноке, ки арсен (марги муш) дошта, ба сифати пастисид истифода мешаванд, ангидриди арсенат, сабзаи парижӣ ва ғ. мансубанд. Арсен ба организм тавассути роҳи нафас ва ҳозима роҳ меёбад. Вай бештар дар устухон, гурда, ҷигар, хусусан дар мӯй, нохун ва пӯст гирд меояд. Аз организм асосан ба воситаи гурдаю рӯдаҳо хориҷ мешавад.
Агар заҳр бо роҳи ҳозима дохил шуда бошад, ба зудӣ дар даҳон таъми оҳан, дилбеҳузурӣ, қайи пайдарпай, дарди сахти шикам пайдо мешавад. Маводи қай ранги сабз дорад, наҷосат моеъ ва ба оби биринҷи пухта монанд мегардад; пешоб хеле кам шуда, ҳолати вабомонанд ба амал меояд; зардпарвин, ташаннуҷ, кабудии пӯст мушоҳида мешавад, сустии кори дил ва беҳушӣ фаро мерасад. Ба организм роҳ ёфтани заҳри бисёр метавонад боиси сар задани фалаҷи заҳролудӣ гардад (нишонаи он саргарангӣ, беҳушӣ, ташаннуҷ, ихтилоли ногаҳонии кори дил аст). Пас аз чанд соати заҳролудӣ бинобар қатъи нафаскашӣ марг фаро мерасад. Ҳангоми заҳролудӣ аз чанг ё буғи доруҳо пардаҳои луобӣ ангезиш меёбанд, ки нишонаҳои он ашкрезӣ, атса ва сурфаи якҷоя бо дарди сахти сари сина аст; нафас танг ва пӯст кабуд шуда, ҳарорати бадан аввал баланд, баъд якбора паст мефарояд, ихтилоҷ ва оқибат ихтилоли кори меъдаю рӯда рух медиҳад.
Дар байни маводи химиявии заҳрнокие, ки дар таркиби худ мис доранд, даҳани фаранг ва моеъи бордосӣ маъмул аст. Онҳоро барои мубориза бо ҳашароти зараррасони боғу токзор кор мефармоянд. Ҳангоми ба роҳи нафас афтодан, таъсири заҳрогини онҳо бо вараҷа зоҳир мешавад. Баъд аз чанд соати тамос табларзаи шадид пайдо шуда, ҳарорати бадан то 39° (гоҳо баландтар) мерасад; минбаъд арақи зиёд ва сустии бадан, дарди беқарори мушакҳои дасту по ва сар, ангезиши роҳи нафас, баъзан хунравӣ аз бинӣ ва бронхити шадид мушоҳида мешавад, дарди меъда, дилбеҳузурӣ, қай рух медиҳад. Беморӣ пас аз 2 – 3 шаборӯз бо шифои комил меанҷомад. Агар пайвастҳои мис ба меъдаю рӯда дохил гарданд, дар даҳон таъми нофорами филизот пайдо шуда, оби даҳон меравад, дилбеҷошавӣ ва қай (ранги сабз) мушоҳида мешавад. Баъзан дарди хуруҷмонанди шикам ва исҳоли хунин ба вуҷуд меояд. Моддаҳои мазкур эритроситҳои таркиби хунро нобуд карда, сабаби камхунӣ мегарданд, фаъолияти ҷигар ва гурда халал меёбад, пӯст зард мешавад. Пайвастҳои мис инчунин пӯст ва пардаҳои луобии чашмро ба ангезиш меоваранд.
Барои мубориза бо касалиҳои занбӯруғии растанӣ ва нобуд кардани кана аз сулфури хока ва коллоидӣ истифода мебаранд. Сулфур пӯсти бадан ва пардаҳои луобиро ба ангезиш оварда, дар натиҷа дерматит, қубоъ, конъюнктивит, ларингит, бронхит рух менамоянд. Ҳангоми дуру дароз аз чанги сулфур нафас гирифтан, сар задани пневмокониозҳо ва гастрит аз эҳтимол дур нест.
Ангидриди сулфит, ки ҳамчун инсектисид истифода мешавад, нафақат пардаи луобии чашм ва роҳҳои болои нафасро сахт меангезад, инчунин ба дигар узвҳо низ таъсири зараровар мерасонад. Дар ҳолатҳои заҳролудии сабук аз ангидриди сулфит шоридани ашк, дарди чашм, сӯзиши гулӯ, сурфа, зуком, гирифтани овоз, сурх шудани сафедии чашм, пардаи луобии гулӯ ва бинӣ мушоҳида мешавад. Мавриди заҳролудии вазнини аломатҳои мазкур баъзан бо ихроҷи балғами хунолуд, хунравии бинӣ, нафастангӣ, кабуд шудани пӯст, хафакон (бинобар ташаннуҷи роҳи овоз ё ихтилоли гардиши хун дар шуш) рух медиҳанд.
Ба гурӯҳи маводи химиявии заҳрноки алкалоидӣ, ки ба сифати пестисид истифода мешаванд, анабазин-сулфат ва никотин-сулфат мансубанд. Ин моддаҳо ба организм нафақат бо роҳи нафас ва ҳозима, балки тавассути пӯст, ҳатто пӯсти солим низ зарар мерасонанд. Онҳо ба системаи асабҳои марказӣ, хусусан ба маркази нафаскашӣ, таъсири номусоид меоранд. Дар сурати таъсири зиёди ин моддаҳо ангезиши маркази нафас ба фурӯ нишастан ва қатъ гаштани нафас иваз мешавад. Мавриди заҳролудии шадид аз анабазин-сулфат сарчархзанӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, баъзан қай, тезии набз, бемадории шадиди мушакҳо, барзиёд рафтани оби даҳон, серарақӣ ба амал меояд. Дар ҳолатҳои вазнин ҳаяҷони рӯҳӣ, ихтилоҷ, беҳушӣ ва паст шудани фишори хун ба мушоҳида расида ин ҳама бо фавти бемор (аз сабаби қатъ гаштани нафаскашӣ ва фаъолияти дил) анҷом мепазирад. Заҳролудии шадид аз никотин-сулфат хеле кам вомехӯрад. Аломатҳои он бо нишонаҳои заҳролудӣ аз анабазин-сулфат қариб як хел буда, чандон рӯшан нестанд.
Барои мубориза бо ҳашароти зараррасони ғалладона бромиди метил самарабахш аст. Аз он барои дератизатсия (нобуд кардани хояндаҳо)-и анбор, яхдонҳо, элеваторҳо ва ғ. васеъ истифода мебаранд. Доруи хеле заҳрнок мебошад. Ҳангоми ба роҳи нафас афтодан, инчунин мавриди ба пӯст, хусусан ба ҷойҳои лучи бадан расидан, одамро заҳролуд месозад.
Давраи аввали заҳролудии шадид аз бромиди метил, одатан, ноаён мегузарад. Сипас беҳолии умумӣ, сарчархзанӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, баъзан қай, калавидан, ларзиши дасту по, ихтилоли босира, сурх шудани рӯй, тезӣ ё сустии набз, паст шудани фишори хун сар мезананд. Нишонаҳои заҳролудӣ аз қатъи тамос бо бромиди метил метавонанд нест шаванд. Давраи минбаъдаи беморӣ пас аз 2 – 12 соат ё 1 – 2 шаборӯзи заҳролудӣ оғоз ёфта, бо паридани мушакҳо, ларзиши забон ва дасту пой, дубинӣ, ихтилоли ҳаракат, васеъ шудани мардумаки чашм зоҳир мегардад. Дар ҳолатҳои вазнин хуруҷи ташаннуҷ ва беҳушии сахт ба миён меояд. Фавтидани бемор аз эҳтимол дур нест. Аксар вақт варами заҳрогин ва илтиҳоби шуш, иллати шадиди фаъолияти ҷигару гурдаҳо мушоҳида мешавад.
Пестисидҳои хлорорганикӣ ба сифати моддаҳои заҳрнок васеъ истифода мегарданд. Ба онҳо гексахлоран (гексахлорсиклогексан; ГХСГ), гексахлорбутадиен ва ғ. мансубанд. Нишонаҳои зерин ба заҳролудии шадиди дараҷаи сабук аз онҳо хосанд: бемадорӣ, дарди сар, сарчархзанӣ, сустии ҳофиза, нооромии хоб, ноустувории эҳсосотӣ, тундмизоҷӣ. Дар ин асос мумкин аст дилбеҳузурӣ ва қай низ мушоҳида шавад. Намудҳои вазнинтари заҳролудӣ бо осеби системаи асаб ҷараён мегирад: аввал маҳдудияти ҳаракати дасту по, дертар фалаҷ фаро мерасад. Ғайр аз ин, ихтилоли кори ҷигар, гурда, меъда (нишонаҳои гастрит) имконпазир аст.
Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои З. фавран духтурро даъват намудан зарур аст. Агар заҳролудӣ ба воситаи роҳи нафас ба вуқӯъ омада бошад, то омадани духтур маризро ба ҳавои тоза бароварда, либосҳои бо химикат олудаи ӯро мекашанд, ҷойҳои лучи баданро бо об мешӯянд. Ҳангоми ба роҳи ҳозима афтодани заҳр, 3 – 4 истакон оби шӯртаъм (0,5 чумча намак ба як истакон об)-ро менӯшонанд, бехи забонро зер карда, қай ба амал меоранд. Ин амалиётро 4 – 5 маротиба такрор бояд кард. Сипас як қошуқ намаки исҳоловар медиҳанд. Истеъмоли 5 – 6 қурси бесалол ё бекарбон самараи хуб меорад; ба зарардида ҳамчунин нони қоқ ва чои гарм хӯрондан лозим. Баъд беморро бе болишт, беҳтараш парӯ, хобонда сарашро ба рост ё чап мегардонанд, то ки ҳангоми қай роҳи нафас банд нагардад. Агар нафасгирӣ мушкил бошад, пас нафасдиҳии сунъиро кор мефармоянд.
Шахсоне, ки бо моддаҳои заҳрогин сару кор доранд, бояд ҳар сол дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва меҳнат, пешгирӣ намудани заҳролудии ғизо, ҳавои атмосфера ва обанборҳо, усулҳои ёрии таъҷилӣ ба зарардидагон дастур гиранд.
Бехатарии кор бо моддаҳои химиявии заҳрнок ба дуруст иҷро намудани қоидаҳои муқарраршуда вобаста аст. Моддаҳои химиявиро фақат дар зарфҳои стандартӣ ва ҳавоногузар нигоҳ медоранд (ба ҳеҷ ваҷҳ бе навиштаҷот ва дар шиша нигоҳ доштани онҳо мумкин нест). Пестисидҳоро дар косаю табақ ё дегча ҳал кардан манъ аст. Агар дар дастурамал гуфта шуда бошад, ки як қурс карбофосро дар ¾ истакон об ҳал менамоянд, пас ин маънои онро дорад, ки бо истакон фақат миқдори обро чен карда, доруро дар дигар зарф ҳал намудан лозим аст.
Биноҳои истиқоматиро ҳангоми набудани одамон, ҳайвоноти хонагӣ, паранда ва моҳиҳо безарар мегардонанд. Пеш аз ин, ҳамагуна зарфҳо ва хӯроквориро аз ошхона мебароранд. Одаме, ки дору мепошад, бояд даҳону биниро бо ниқоби докагии чорқабата бандад, ба чашм айнаки махсус гирад. Пас аз истифодаи инсектисидҳо ҳавои хонаро мудати дароз тоза кардан шарт аст. Бо доруҳои гурӯҳи хлорофос хонаи хобро шабона безарар гардондан қатъиян манъ мебошад. Баъди кор боқимондаи инсектисидро дар ҷойҳои барои кӯдакон дастнорас гузоштан лозим.
Ашхосе, ки корро ба итмом расонидаанд, бояд бо собун шустушӯ карда, либоси таг ва рӯйро иваз намоянд. Либосро дар маҳлули ишқорӣ ё содаи ҷомашӯӣ тар мекунанд, либосеро, ки шустан имкон надорад, шамол медиҳанд. Агар дар хона одамони гирифтори бемориҳои асаб, рӯҳӣ, дилу рагҳо ва зиқи нафас бошанд, истифодаи инсектисидҳои фосфорорганикӣ манъ аст.
Риояи чунин тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми безарар гардондани дарахтони боғ низ шарт аст. Инсектисидҳо метавонанд бо мева, ғуҷуммева ва сабзавот ба организм ворид шаванд. Бинобар ин коҳу, шалғамча, туршак ва диг. сабзавотро дору задан мумкин нест; дарахтони мева ва буттамеваро фақат то гул карданашон дору мепошанд. Ғуҷуммева ва меваро қабл аз истеъмол тоза мешӯянд.
Барои пешгирии З. дар хона нигоҳ доштани инсектисидҳо манъ аст; миқдори доруҳо ҳар қадар зиёд бошад, ғилзати буғи онҳо дар манзилгоҳ ҳамон қадар меафзояд. Ҳамчунин дар рӯзгор истифода бурдани доруҳои шубҳаноки зидди ҳашарот ва хояндаҳо тамоман норавост.
Ҳангоми кор фармудани моддаҳои заҳрогин барои рӯй надодани фалокат риояи тадбирҳои зерин зарур мебошанд: пӯшидани дастпӯшак, пойафзоли соқбаланд ва либос аз газвори махсус ё резинӣ, тез-тез иваз кардан ва шустани либоси махсус; дар сурати дар ҳаво мавҷуд будани аэрозол истифодаи респираторҳо; риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ; шустани даст, қабули ванна ё душ баъди анҷоми кор; роҳ надодан ба кашидани тамоку ва истеъмоли ғизо дар вақти кор.
Ад.: Атабаев Ш.Т., Влияние остаточных количеств пестицидов на пищевую ценность овощей и плодов, Ташкент, 1976; Артамонова В.Г., Неотложеная помощь при профессиональных интоксикациях, Л., 1981.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …