Главная / Илм / ГЛЮКАГОН

ГЛЮКАГОН

glucagonГЛЮКАГОН, як навъ гормон, антагонисти физиологии инсулин. Г. дар танзими мубодилаи карбогидратҳо иштирок карда, ба мубодилаи чарбу таъсир мерасонад, ба фаъолияти ферментҳое, ки чарбуро таҷзия мекунанд, тақвият мебахшад. Г. пептид аст. Онро асосан алфа-ҳуҷайраҳои ҷазирачаи ғадуди зери меъда синтез мекунад. Муқаррар шудааст, ки Г. аз ҷониби ҳуҷайраҳои махсуси луобпардаи рӯдаи дувоздаҳангушта ва меъда низ ҳосил мешавад. Г. ба хун ҳамроҳ шуда, миқдори глюкозаро зиёд мекунад; дар натиҷа бемории гипергликемия инкишоф меёбад. Дар сурати мӯътадил будани миқдор, Г. ба бисёр паст шудани савияи глюкоза роҳ намедиҳад. Бинобар мавҷудияти Г., ки таъсири гипогликемиявии инсулинро бартараф мекунад, мубодилаи глюкоза дар организм ба меъёр медарояд. Г. дар ҷигар раванди ба глюкоза табдил ёфтани гликогенро метезонад; он ба гликогени таркиби мушакҳо таъсир намерасонад. Миқдори Г. дар хун ҳангоми бемории диабети қандӣ зиёд мешавад. Норасоии Г. боиси хуруҷи ногаҳонии гипогликемия (хусусан дар кӯдакон) хоҳад шуд. Аз рӯи меъёр миқдори Г. дар хун 0,5 – 6 нг/мл аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …