Главная / Илм / ГЛИКОПРОТЕИДҲО

ГЛИКОПРОТЕИДҲО

glikoproteidiГЛИКОПРОТЕИДҲО, сафедаҳои мураккаби ангиштобдор. Қариб дар ҳама бофтаҳо ва моеоти организм вуҷуд доранд. Массаи мол. аз даҳҳо ҳазор то якчанд млн. Ба Г. асосан мутсинҳо ва мукоидҳо мансубанд. Мутсинҳо дар шираи ғадудҳои луоб, мас., дар шираи ғадуди оби даҳон вуҷуд доранд. Мукоидҳо ба таркиби тағояк, устухон, пай, банд, зуҷоҷияи чашм, сафедаи тухм ва ғ. дохил мешаванд. Ба Г. бисёр сафедаҳои таркиби плазмаи хун (серулоплазмин, орозомукоид, трансферин, протромбин), унсурҳои гурӯҳи хун, иммуноглобулинҳо, баъзе ферментҳо, гормонҳо мансуб мебошанд. Миқдори карбогидратҳо дар Г. то 80%-ро ташкил медиҳад. Таркиби полисахаридии онҳо аз глюкозамин, галактоза, манноза ва диг. карбогидратҳо иборат аст. Г.-е, ки қисми ғайрисафедавии онҳо кислотаи нейраминат мебошад, аҳамияти калони биологӣ доранд. Онҳо дар баъзе ферментҳо, гормонҳо, луоб ва бофтаҳои асаб вуҷуд дошта, дар ҳосил шудани ҷисмҳои масунӣ роли муҳим мебозанд. Аз гидролизи Г. дар баробари аминокислотаҳо глюкоза, галактоза, манноза ва диг. ҳосилаи карбогидратҳо, инчунин кислотаи сулфат ва сирко ҳосил мешавад.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …