Главная / Илм / ГЛИКОЛИЗ

ГЛИКОЛИЗ

glycolysisГЛИКОЛИЗ (аз юн. glykys – ширин ва lysis – таҷзия), раванди мураккаби ферментии таҷзияи глюкоза. Г. дар шароити анаэробӣ (бе оксиген) дар бофтаҳои ҳайвонот ва одам сурат мегирад. Маҳсули ниҳоии табдили гликолизии глюкоза кислотаҳои шир ва аденозинтрифосфат (АТФ) мебошад. Қимати биологии Г. дар ҳосил шудани пайвастҳои фосфор аст. Ҳангоми таҷзияи онҳо энергияе, ки барои таъмини раванди ҳаёт дар шароити норасоии оксиген зарур аст, ҳосил мешавад (мас., дар мушакҳои фаъолияташон пурзӯр).
Г. метавонад дар шароити аэробӣ (мавҷуд будани оксиген) низ сурат гирад (мас., дар ҳаво). Дар чунин ҳолатҳо Г. зинаи аввали табдили оксидии глюкоза ва диг. карбогидратҳо то CO2 ва Н2О мебошад.
Дар организми одам ва ҳайвонот механизмҳое вуҷуд доранд, ки барои ба самти муқобил ҷараён гирифтани Г. мусоидат мекунанд (яъне ҷониби аз кислотаи шир ҳосил шудани глюкоза). Раванди мазкур глюконеогенез ном дошта, хусусан дар ҷигар фаъолона сурат мегирад.
Дар танзими Г. ва глюконеогенез инсулин аҳамияти калон дорад. Ҷараёни мӯътадили Г. ҳангоми гурусна мондан, диабети қандӣ, дистрофияи мушакҳо ва ғ. халал меёбад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

menui-windows

БА ТАНЗИМОРИИ МУҲИТИ КОРИИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows дорои имкониятҳои бениҳоят васеи батанзимории муҳити кории худ мебошад. Мақсад аз танзими …