ГЛЮКОЗА (юн. glykys – ширин), қанди ангур, декстроза, C6H12O6, карбогидрат аз гурӯҳи гексозаҳо; дар табиат фаровон аст. Кристалли беранг, t гуд. 146,50С, дар об нағз ҳал мешавад; аз ҷиҳати оптикӣ фаъол; қисми муҳими таркиби организмҳои зинда. Г. барои аксари организмҳо манбаи энергия мебошад. Организм Г.-ро дар табаддулоти анаэробӣ, ки аз синтези АТФ (кислотаи аденозинтрифосфат) сар шуда, бо ҳосил гаштани кислотаи шир (кислотаи алфа-оксипропионат) ба итмом мерасад, синтези гликоген зери таъсири ферменти глюкооксидаза, то кислотаи глюконат оксидшавии аэробии Г. ва табдили он ба пентоза ва диг. қандҳои сода истифода мебарад. Растаниҳо ва баъзе бактерияҳое, ки энергияи рӯшноии офтоб ва реаксияҳои оксидшавии химиявиро истифода мебаранд, Г.-ро аз унсурҳои ноорганикӣ ҳосил мекунанд. Дар саноат Г.-ро ҳангоми гидролизи крахмал ба даст меоранд. Г. дар қаннодӣ, тиб ва байторӣ (чун воситаи муолиҷа) истифода бурда мешавад.
Миқдори Г. дар таркиби хуни одами солим зери назорати силсилаи асаби марказӣ ва системаи эндокренӣ қарор дорад. Дар танзими миқдори Г.-и хун гормони инсулин ва глюкагон, ҳамчунин адреналин, глюкокортикоидҳо, тироксин ва трийодтиронин, гормони ҳиссаи пеши гипофиз ширкат меварзанд.
Сабаби дар хун зиёд шудани Г. (гипергликемия) гуногун аст, мас., истеъмоли ғизое, ки Г.-и бисёр дорад (гипергликемияи ғизоӣ), таҷзияи барзиёди гликоген дар ҷигар ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ, аз чарбу ва сафеда ҳосил шудани Г. ва ғ.
Дар таркиби хун аз меъёр кам шудани Г.-ро гипогликемия меноманд. Ба тавассути пешоб бисёр хориҷ шудани он гликозурия ном дорад. Дар хун аз 50 мг/100 мл паст шудани савияи Г. боиси халал ёфтани фаъолияти силсилаи асаби марказӣ мегардад.
Г. барои пурра «сӯхтан» – и равған дар организм зарур аст. Бинобар ин норасоии он боиси дар хун афзудани кислотаҳои равған мешавад (дар натиҷа атсидоз ва кетоз рух менамояд.).
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …