ГЛОБУЛИНҲО (аз лот. globuls – саққоча, гулӯлача), гурӯҳи сафедаҳои растанӣ ва ҳайвонот, ки дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Г. ба сафедаҳои глобулинӣ мансубанд. Дар маҳлули сусти намакҳои мӯътадил, кислотаҳои сероб ва ишқорҳо ҳал шуда, дар об (ба ғайр аз миозин ва баъзе диг. Г.) ҳал намешаванд. Дар маҳлули нимсери сулфати аммоний, маҳлули сери сулфати магний (дар 300С) ё сулфати натрий (дар 370С) таҳшин мегарданд. Аксари Г. сафедаҳои сода мебошанд, вале баъзеи онҳо (махсусан Г.-и зардоби хун) бо карбогидратҳо ё липидҳо пайваст гаштаанд. Г.-и ғадуди сипаршакл – тиреоглобулин (массаи мол. 630 000) – ягона сафедаест, ки дар таркиби худ йод дорад. Г.-и бофтаҳои асаб (нейроглобулин, нейростромин) бо кислотаҳои нуклеат пайваст мебошанд. Г.-и растанӣ (глитсилин, эдестин, легумин ва ғ.) назар ба Г.-и ҳайвонот ба таъсири спирт ва ҳарорат устувории бештар доранд. Г. ба таркиби ситоплазмаҳо, плазмаи хун ва лимфа (дар ҳайвоноти дараҷаи олӣ ва одам) дохил шуда, гунҷоиши буферии онҳо ва хосияти масунии организмро муайян мекунанд. Фраксияи Г.-и плазмаи хун (гамма-глобулинҳо), ки подтанҳои гуногун дорад, дар тиб барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода мешавад.
Дар плазмаи хун, ғайр аз Г., албуминҳо низ мавҷуданд; таносуби албумин/глобулин аҳамияти ташхисӣ дорад; аз рӯи меъёр он баробари 2 буда, ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ кам мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …