Главная / 2018 / January / 03 (страница 2)

Архивы за день : 03.01.2018

ГИДРОНЕФРОЗ

gidronefroz

ГИДРОНЕФРОЗ (Hydronephrosis; аз юн. hydor – об ва nephros – гурда), васеъ шудани ҳавзак ва ҷомчаҳои гурда, ки дар натиҷаи он паренхимаи гурда пажмурда мегардад; сабаби Г. халал ёфтани ихроҷи пешоб аст. Г. дар мавриди бемории санги пешоб, омоси роҳҳои пешобгузар, бемориҳои ғадуди простата (зермасона) ва узвҳои коси хурд, ки …

Муфассал »

ГИДРОСЕФАЛИЯ

gidrocefalija

ГИДРОСЕФАЛИЯ (Hydrocephalia; аз юн. hydor – об ва kephale – сар), обварами майна, барзиёд ғун шудани моеъи ҳароммағз (ликвор) дар меъдачаҳои мағзи сар ва фазои зери парда; бо нишонаҳои баланд шудани фишори дохили ҷумҷума падид меояд. Г. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби Г.-и ғайримодарзодӣ илтиҳоби парда ва мағзи сар, осеби …

Муфассал »

ГИДРОТЕРАПИЯ

gidroterapiya

ГИДРОТЕРАПИЯ, обшифоӣ, истифодаи об бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо. Г. яке аз усулҳои қадимтарини табобат аст. Аввалин маълумот оид ба Г. дар китоби ҳиндии «Ригведа», ки 1500 сол то м. навишта шудааст, дучор мешаванд. Г. дар Рими Қадим хеле ривоҷ ёфта буд. Дар он ҷо муассисаҳои махсуси ҷамъиятию гигиение …

Муфассал »

ГИДРОТОРАКС

hidrotorax

ГИДРОТОРАКС (Hydrothorax; аз юн. hydor – об ва thorax – сина), дар ҷавфи плевра ғун шудани об (транссудат). Г. дар ашхоси гирифтори бемориҳои дил, ҳангоми амрози гурда, сиррози ҷигар, дистрофияи ғизоӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Сабаби дар ҷавфи плевра ғун гаштани транссудат баланд шудани фишор дар венаҳои даври хурд …

Муфассал »

ГИДРОТСЕЛЕ

gidrotsele

ГИДРОТСЕЛЕ (Hydrocele; аз юн. hydor – об, kele – омос), обварами пардаи хоя, беморие, ки ҳангоми он дар байни пардаҳои хоя об ҷамъ мешавад. Г. бештар дар натиҷаи орхит, эпидидимит, осеби хоя ва зоидҳою пардаи он сар мезанад. Варам ва сахт дард кардани хоя аломати Г.-и шадид аст. Г.-и музмин …

Муфассал »

ГИДРОТУБАТСИЯ

gidrotubaciya

ГИДРОТУБАТСИЯ (аз юн. hydor – об ва лот. tuba – найча), ба тавассути ҷавфи бачадон ба найчаҳои он фиристодани моеъ; бо мақсади кушодани роҳи найчаҳо ё табобати онҳо амалӣ мегардад. Солҳои қаблӣ Г.-ро бо мақсади ташхис ва табобати бенаслӣ фаровон кор мефармуданд. Феълан онро асосан баъди ҷарроҳии тармимии тухмроҳа истифода …

Муфассал »

ГИДРОФТАЛМ

gidroftalm

ГИДРОФТАЛМ (Hydrophthalmos; аз юн. hydor – об ва ophthalmos – чашм), обварами чашм, ёзидан ва берун баромадани ғӯзаи чашм, ки ҳангоми глаукомаи модарзодӣ инкишоф меёбад. Аломатҳои хоси Г. баланд гаштани фишори дохили чашм ва калон шудани ғӯзаи он, заъфи тадриҷии босира (биноӣ), баъзан нобиноӣ мебошанд. Ниг. низ Глаукома.

Муфассал »

ГИДРОХЛОРИДИ ПАПАВЕРИН

gidrokhlorid

ГИДРОХЛОРИДИ ПАПАВЕРИН, як навъ дору. Дар шакли маҳлул, шамъча, қурс истеҳсол мешавад. Г. п. доруи рафъи ихтилоҷ (спазм) буда, фишори хунро мефарорад, тонуси мушакҳои узвҳои дарун (роҳи меъдаю ҳозима, нафас ва аъзои таносул)-ро паст мекунад; вояи бисёри он ангезиши мушаки дилро суст менамояд. Г. п.-ро дар мавриди спазми мушакҳои суфта …

Муфассал »

ГИЁҲХОРӣ

vegetarismus

ГИЁҲХОРӣ (Vegetarismus), вегетарианият, яке аз тарзҳои ғизогирӣ. Дар мавриди Г. истеъмоли хӯрокҳои гӯштӣ истисно ё хеле маҳдуд карда мешавад. Г. аз замонҳои қадим маълум аст. Принсипҳои Г.-ро дар асоси аҳкоми дин доираи васеи аҳолӣ тӯли ҳазорҳо сол дастгирӣ мекард. Г. нимаи дуюми а. 19, баъди дар як қатор мамлакатҳо барпо …

Муфассал »

ГИЛ

gil

ГИЛ, ҷинси кӯҳии таҳшиние, ки асосан аз минералҳои гилӣ, яъне каолинит, монтмориллонит, гидроабрақ таркиб ёфтааст. Дар таркиби Г. заррачаҳои ҷинсҳои гуногуни кӯҳӣ низ дучор мешаванд. Таркиби химиявии Г. асосан аз SiO2 (30 – 70%), Al2O3 (10 – 40%), H2O (5 – 10%) ва TiO2, Na2O, K2O, MgO, Fe2O3, FeO, CaO …

Муфассал »