Главная / Илм / ГИДРОТЕРАПИЯ

ГИДРОТЕРАПИЯ

gidroterapiyaГИДРОТЕРАПИЯ, обшифоӣ, истифодаи об бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо. Г. яке аз усулҳои қадимтарини табобат аст. Аввалин маълумот оид ба Г. дар китоби ҳиндии «Ригведа», ки 1500 сол то м. навишта шудааст, дучор мешаванд. Г. дар Рими Қадим хеле ривоҷ ёфта буд. Дар он ҷо муассисаҳои махсуси ҷамъиятию гигиение мавҷуд буданд, ки беморонро бо об табобат мекарданд. Дар бораи бо об табобат кардани беморон дар асарҳои Буқрот ва Ибни Сино низ маълумоти зиёд оварда шудаанд. Ибни Сино ҳангоми обшифоии бемориҳои узвҳои дарунӣ, системаи асаб, пӯст ва ғ. бо об илова кардани қиёми гиёҳҳоро тавсия намудааст. ӯ таъсири оби хунук, ширгарм ва гармро ба пӯст, ҳолати умумии организм ва ғ. санҷида, дар бораи қоида ва муддати қабули обзанҳо маслиҳатҳо додааст.
Моҳияти илмии Г. асри 19, баъди он ки духтурони рус А. Никитин (1825). Б. Гржимайло (1859) ва диг. таъсири физиологии обро ба организм омӯхтанд, муайян гашт. Об ба пӯст таъсири ҳароратӣ, механикӣ ва химиявӣ мерасонад; ҳарорати об ангезандаи асосӣ ба шумор меравад. Ҳарорати пӯст ҳар қадар паст бошад, таъсири об ҳамон қадар зиёд мегардад. Оберо, ки барои муолиҷа истифода мешавад, ба хунук (то 200С), нимхунук (21 – 330С), ҳарорати индифферентӣ (34 – 360С), ширгарм (37 – 390С) ва гарм (400С ва аз он баланд) ҷудо мекунанд. Г. умумӣ (ба даруни об кардани тамоми бадан) ва ҷузъӣ (ба даруни об кардани даст, пой ё ягон узви диг.) мешавад ва онро бо усулҳои гуногуни техникӣ (рехтан, молидан, компресс кардан, душу ванна ва ғ.) ба амал мебароранд. Оби хунук ва нимхунукро барои беҳтар гардидани фаъолияти системаҳои дилу раг ва асаб, тезонидани мубодилаи моддаҳо, ҳангоми фарбеҳӣ, барои машқ ва обутоб додани организм, оби ширгармро барои табобати бемориҳои илтиҳобии музмин, дасту пой ва миён, системаи асаби канорӣ (тарбод, неврит, невралгия) ва ғ., оби ҳарораташ безарарро ҳангоми баланд гаштани ҳассосияти асаб ва силсилаи дилу рагҳо, сӯзиши пӯст ва ғ., оби гармро ҳангоми ихтилоли баъзе намудҳои мубодилаи модда ва бемориҳои гурда истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон Г. дар курортҳои Хоҷаобигарм, Шамбарӣ, Обигарм, санаторияҳои «Зумрад», Ҳавотоғ, Гармчашма ва ғ. ба роҳ монда шудааст. Дар курорти Хоҷаобигарм оби гарми минералию радиоактивро низ истифода мебаранд. Ниг. низ Ваннаҳо, Душ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …