Главная / Илм / ГИДРОТОРАКС

ГИДРОТОРАКС

hidrotoraxГИДРОТОРАКС (Hydrothorax; аз юн. hydor – об ва thorax – сина), дар ҷавфи плевра ғун шудани об (транссудат). Г. дар ашхоси гирифтори бемориҳои дил, ҳангоми амрози гурда, сиррози ҷигар, дистрофияи ғизоӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Сабаби дар ҷавфи плевра ғун гаштани транссудат баланд шудани фишор дар венаҳои даври хурд ва калони хунгардиш, ҳамчунин паст шудани фишори онкотии плазма бинобар ихтилоли мубодилаи сафедаҳо ва ихроҷи барзиёди сафеда бо пешоб аст. Г. бисёр вақт дутарафа мешавад; он метавонад бо обварами шикам (астсит), перикард (гидроперикард) ё варами зери пӯст (анасарка) якҷоя сурат гирад. Дар оғоз аломатҳои Г. падид намеоянд. Баробари афзудани моеъ (транссудат) дар сина эҳсоси гаронӣ пайдо мешавад; бемор дамкутаҳ гашта, барои осон шудани нафаскашӣ мавқеи мувофиқ меҷӯяд. Г. дар беморони гирифтори астсит бинобар аз сӯрохи диафрагма ба ҷавфи плевра роҳ ёфтани моеъ ба вуҷуд меояд. Г. дар чунин ҳолатҳо яктарафа буда, ногаҳон пайдо ва бемор дамкутаҳ мешавад.
Беморро зуд дар касалхона бистарӣ кардан лозим аст. Дар аснои бисёр будани моеъ ва душвор гаштани нафаскашӣ, плевраро пунксия карда, аз ҳар ду тараф то 1 литрӣ моеъ мегиранд. Фарҷоми беморӣ ба дараҷаи вазнинии касалии асосӣ вобаста аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …