Главная / Илм / ГИДРОТСЕЛЕ

ГИДРОТСЕЛЕ

gidrotseleГИДРОТСЕЛЕ (Hydrocele; аз юн. hydor – об, kele – омос), обварами пардаи хоя, беморие, ки ҳангоми он дар байни пардаҳои хоя об ҷамъ мешавад. Г. бештар дар натиҷаи орхит, эпидидимит, осеби хоя ва зоидҳою пардаи он сар мезанад. Варам ва сахт дард кардани хоя аломати Г.-и шадид аст. Г.-и музмин бинобар илтиҳоб пайдо кардани хоя ва зоидҳои он пайдо мешавад. Дар ин маврид хоя дард намекунад, нокмонанд ва сахт аст.
Барои ташхиси Г. аз усули трансиллюминатсия (нурафканӣ) истифода мебаранд. Дар сурати дуру дароз боқӣ мондани Г. фаъолияти тухмдон халал меёбад. Бинобар ин маризро ба назди духтур фиристодан лозим аст.
Г.-ро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Баъди муолиҷа 3 – 4 ҳафта аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ кардан лозим аст; оббозӣ манъ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …