Главная / Илм / ГИЁҲХОРӣ

ГИЁҲХОРӣ

vegetarismusГИЁҲХОРӣ (Vegetarismus), вегетарианият, яке аз тарзҳои ғизогирӣ. Дар мавриди Г. истеъмоли хӯрокҳои гӯштӣ истисно ё хеле маҳдуд карда мешавад. Г. аз замонҳои қадим маълум аст. Принсипҳои Г.-ро дар асоси аҳкоми дин доираи васеи аҳолӣ тӯли ҳазорҳо сол дастгирӣ мекард. Г. нимаи дуюми а. 19, баъди дар як қатор мамлакатҳо барпо шудани Ҷамъияти гиёҳхорон маъмул гардид (онҳо тарғиб мекарданд, ки хӯроки табиии одам фақат маҳсулоти наботӣ аст). Баъзе гиёҳхорон ҳатто аз истифодаи пӯст ва мӯинаи ҳайвонот даст мекашанд; барои онҳо ҳамчунин кор фармудани маводе, ки дар таркиб унсурҳои аз ҳайвонот гирифта доранд (мас., глитсерин, желатина), ҷоиз нест.
Гиёҳхорон ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд. Ашадитарини онҳо истеъмоли ҳар навъ гӯшт, инчунин шир, тухм ва равғани ҳайвонотро манъ мекунанд (гиёҳхорони «кӯҳна»). Гиёҳхорони «нав» аз хӯрдани маҳсулоти гӯштин парҳез намуда, шир, тухм ва маскаро истеъмол мекунанд.
Ба ақидаи гиёҳхорон гӯшт боиси дар организм ҳосил шудани моддаҳои заҳрнок гашта, ҳуҷайраҳоро нобуд, организмро бо дажғол ифлос, умрро кӯтоҳ ва одамро тундмизоҷ мегардонад. Духтурон бошанд, манбаи сафедаҳои зудҳазм будани гӯштро талқин мекунанд.
Бино ба тавсияҳои илми тағзия воя (ратсион)-и хӯроки одам бояд омехта бошад, яъне он ҳам маҳсулоти наботӣ ва ҳам ҳайвониро дарбар гирад. Гуногунии хӯрок ба мувозанаи ғизо кӯмак мерасонад. Чунин ақидаи гиёҳхорон хатост, ки гӯё ҳама гуна хӯрокворӣ, хусусан ғизои хом, метавонад манбаи сафеда бошад. Ферментҳои ҳозима ба сафедаи бисёр маҳсулоти наботии хом таъсир намекунанд, бинобар ин онҳо ба душворӣ ҳазм мешаванд. Аксар сафедаҳои хом бошанд (мас., сафедаи гандум, биринҷ ва ғ.) пурра ҳазм намегарданд. Гиёҳхорон барҳақ меваю сабзавотро манбаи муҳими витамин, кислотаҳои органикӣ ва моддаҳои минералӣ меҳисобанд. Ҳангоми пухтупаз ва дуру дароз нигоҳ доштани меваю сабзавот, миқдори витаминҳо кам мешавад. Аз ин рӯ тавсияи гиёҳхорон оиди тару тоза истеъмол кардани онҳо оқилона аст.
Сафедаҳои маҳсулоти гӯштӣ нисбат ба сафедаҳои наботӣ бартарӣ доранд. Ба вуҷуди ин исбот шудааст, ки вояи мураттаби хӯрокро бе гӯшт (аз ҳисоби маҳсулоти наботӣ, шир ва тухм) таҳия кардан мумкин аст. Онро бисёр вақт бо мақсади ғизои муолиҷавӣ (мас., ҳангоми ниқрис) кор мефармоянд. Г.-и кӯтоҳмуддат барои баъзе бемориҳои дилу раг нофеъ аст.
Саноати хӯроквории баъзе мамлакатҳо аз маҳсулоти наботӣ «гӯшт»-ҳои махсус тайёр мекунад. Мас., дар ИМА аз «гӯшти соя» консерв истеҳсол карда мешавад. Алҳол олимон кӯшиш доранд, ки аз сафедаҳои растанӣ, обсабз ва организмҳои якҳуҷайра низ «гӯшт» тайёр кунанд. Камбудии «гӯшт» – и наботӣ дар камлаззатӣ ва пастии қимати биологии он аст.
Ҳар сол 1 октябр ҳамчун Рӯзи байналхалқии гиёҳхорон қайд карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …