Главная / Илм / ГИДРОТУБАТСИЯ

ГИДРОТУБАТСИЯ

gidrotubaciyaГИДРОТУБАТСИЯ (аз юн. hydor – об ва лот. tuba – найча), ба тавассути ҷавфи бачадон ба найчаҳои он фиристодани моеъ; бо мақсади кушодани роҳи найчаҳо ё табобати онҳо амалӣ мегардад. Солҳои қаблӣ Г.-ро бо мақсади ташхис ва табобати бенаслӣ фаровон кор мефармуданд. Феълан онро асосан баъди ҷарроҳии тармимии тухмроҳа истифода мекунанд.
Барои ташхиси иллати тухмроҳа (найчаҳои бачадон) ва бенаслии марбут ба онҳо бештар усули хромосалпингоскопия истифода мегардад. Г. дар сурати тоза будани маҳбал, вуҷуд надоштани трихомонада, гонококкҳо, иллати хун ва пешоб гузаронда мешавад. Ҳангоми илтиҳоби аъзои ҷинсӣ, омосҳои гуногун, бемориҳои вазнини дилу рагҳо, амрози сироятӣ ва ғ. истифодаи Г. манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …