Главная / Илм / ГИДРОНЕФРОЗ

ГИДРОНЕФРОЗ

gidronefrozГИДРОНЕФРОЗ (Hydronephrosis; аз юн. hydor – об ва nephros – гурда), васеъ шудани ҳавзак ва ҷомчаҳои гурда, ки дар натиҷаи он паренхимаи гурда пажмурда мегардад; сабаби Г. халал ёфтани ихроҷи пешоб аст.
Г. дар мавриди бемории санги пешоб, омоси роҳҳои пешобгузар, бемориҳои ғадуди простата (зермасона) ва узвҳои коси хурд, ки ба пешоброҳа фишор меоранд, ба вуҷуд меояд. Бинобар халал ёфтани ихроҷи пешоб, ҳавзакҳо ва ҷомчаҳои гурда васеъ гашта, фишоре, ки пешоб ба паренхимаи гурда мерасонад, тадриҷан боиси пажмурдагии он ва ихтилоли фаъолияти гурдаҳо мешавад. Ихтилоли ихроҷи пешоб барои хурӯҷи илтиҳоб низ заминаи мусоид фароҳам меорад (ниг. Пиелонефрит).
Беморон аз дарди шиддаташ гуногун дар мавзеи гурда шикоят мекунанд. Гоҳо сабаби асосӣ ва ягонаи Г. гематурия аст. Г. дар баъзе мавридҳо тасодуфан ошкор карда мешавад. Ҳангоми гумон бурдан аз Г. беморро ба назди духтури уролог фиристодан лозим аст. Дар ташхиси клиникии Г. аҳамияти усулҳои рентгенологӣ ва ултрасадоӣ калон мебошад.
Табобати Г. ба рафъ сохтани сабабҳои манъи пешоб нигаронида шудаанд. Ниг. низ Гурда.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …