Главная / 2018 / January / 02 (страница 2)

Архивы за день : 02.01.2018

ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ

giperaldosteronizm

ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ, синдроме, ки дар натиҷаи дар организм бисёр будани миқдори гормони қишри ғадуди болои гурдаҳо – алдостерон рух менамояд. Алдостерон дар кори танзими мубодилаи моддаҳо дар организм ширкат меварзад. Он барои дар организм боздошта шудани ионҳои натрий мусоидат карда, ионҳои калий ва гидрогенро ба воситаи пешоб хориҷ менамояд. Тарашшӯҳи алдостеронро …

Муфассал »

ГИПЕРВИТАМИНОЗ

gipervitaminoz

ГИПЕРВИТАМИНОЗ (Hypervitaminosis; аз гипер ва витаминҳо), беморие, ки дар натиҷаи бисёр истеъмол кардани витаминҳо ба вуҷуд меояд. Витаминҳо омили зарур ва беивази тағзия мебошанд. Дар сурати камвитаминӣ неруи муҳофизии организм суст гашта, мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад, бемориҳои гуногун сар мезананд (ниг. Витаминкоҳӣ). Нарасидани витаминҳо хусусан ба сабзишу инкишофи кӯдак таъсири …

Муфассал »

ГИПЕРГИДРОЗ

gipergidroz

ГИПЕРГИДРОЗ (Hyperhidrosis; аз гипер… ва юн. hydro – об), серарақӣ, яке аз тарзҳои ихтилоли ихроҷи арақ. Дар мавриди Г. арақ бисёр ва бенизом ихроҷ мегардад. Сабабҳои Г. ниҳоят гуногун мебошанд, мас., стресс, калон будани ҷусса, парҳез, ихтилоли фаъолияти гормонҳо, осеби ҷумҷума, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ, асабҳо ва ғ.; Г. ирсӣ …

Муфассал »

ГИПЕРЕМИЯ

giperemiya-kozhi

ГИПЕРЕМИЯ (Hyperaemia; аз гипер… ва юн. haima – хун), афзоиши бо хун таъмин шудани ягон қисми рагҳои канорӣ. Г.-и артериявӣ ба таври рефлексӣ зери таъсири омилҳои физикӣ (гармӣ, молиш додан), биологӣ (маҳсули мубодила) ва химиявӣ (скипидар, равғани хардал) ба вуҷуд меояд; он ҳамчунин яке аз аломатҳои илтиҳоб мебошад. Дар шароити …

Муфассал »

ГИПЕРКАПНИЯ

giperkapniya

ГИПЕРКАПНИЯ (Hypercapnia; аз гипер… ва karpos – дуд), шиддати баланди гази карбонат дар хуни артерия ва бофтаҳои организм. Г. дар аксар ҳолатҳо ҳангоми нафас гирифтани ҳавое, ки дар таркиби он миқдори CO2 зиёд аст, ба вуҷуд меояд (мас., дар хонаҳои хурди ҳавонорас, киштиҳои зериобӣ, скафандрҳои ғаввосӣ ва ғ.). Г. метавонад …

Муфассал »

ГИПЕРКИНЕЗҲО

giperkinez

ГИПЕРКИНЕЗҲО (аз гипер… ва юн. kinesis – ҳаракат), ҳаракатҳои маҷбурии аз ҷиҳати физиологӣ бемаъно ва берабт. Пайдоишу инкишоф ва аломатҳои Г. гуногун мебошанд, бинобар ин ба як гурӯҳи ихтилоли ҳаракат муттаҳид сохтани онҳо шартӣ аст. Г. дар аснои бемориҳои илтиҳобии мағзи сар (мас., лейкоэнсефалит, энсефалит) ва рагҳои он (мас., сактаи …

Муфассал »

ГИПЕРПАРАТИРЕОЗ

giperparaterioz

ГИПЕРПАРАТИРЕОЗ (Hyperparathyreosis; аз гипер… ва лот. parathyreoidea – ғадуди наздсипаршакл), беморие, ки дар натиҷаи ихроҷи барзиёди гормони ғадуди наздсипаршакл (паратгормон) пайдо мешавад. Г., одатан, ҳангоми аденома (омос)-и ғадудҳои мазкур ба вуҷуд меояд. Бисёр будани паратгормон калтсийи таркиби устухонро фаъол сохта, савияи онро дар хун зиёд ва миқдори фосфорро кам мекунад; …

Муфассал »

ГИПЕРПЛАЗИЯ

giperplaziya_desen

ГИПЕРПЛАЗИЯ (Hyperplasia; аз гипер… ва юн. plasis – ташаккул ёфтан), афзудани адади унсурҳои сохтории бофтаҳо бо роҳи аз нав ҳосил шудани онҳо. Г. дар тақсимшавии ҳуҷайра ва ташаккули сохторҳои нави бофтаҳо падид меояд. Ниг. низ Гипертрофия.

Муфассал »

ГИПЕРПРОТЕИНЕМИЯ

giperproteinemiya

ГИПЕРПРОТЕИНЕМИЯ (Hyperproteinaemia; аз гипер…, протеинҳо ва haima – хун), зиёд шудани миқдори сафедаҳо дар зардоби хун. Г. нисбӣ ва мутлақ мешавад. Сабаби Г.-и нисбӣ дар маҷрои хун кам гаштани об аст. Он метавонад дар мавридҳои зерин ба вуҷуд ояд: сӯхтагии вазнин, перитонити фарогир, ногузароии рӯда, қайи бардавом, исҳол, диабети беқанд, …

Муфассал »

РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА

pilla

БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020 Руйхати ихтисорот КМ Корхонаи муштарак ш Шаҳр КВД Корхонаи воҳиди давлатӣ ҶСШК Ҷамъияти саҳомии шакли кушода Т1 Т2 Тоҷикистон-1, Тоҷикистон-2 X1 X2 Хуҷанд-1, Хуҷанд-2 ВТ Ветнаму Тоҷикистон Кф Корхонаи фаръӣ НТҶ Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ МАЪЛУМОТНОМА дар бораи …

Муфассал »