Главная / Илм / ГИПЕРПАРАТИРЕОЗ

ГИПЕРПАРАТИРЕОЗ

giperparateriozГИПЕРПАРАТИРЕОЗ (Hyperparathyreosis; аз гипер… ва лот. parathyreoidea – ғадуди наздсипаршакл), беморие, ки дар натиҷаи ихроҷи барзиёди гормони ғадуди наздсипаршакл (паратгормон) пайдо мешавад. Г., одатан, ҳангоми аденома (омос)-и ғадудҳои мазкур ба вуҷуд меояд. Бисёр будани паратгормон калтсийи таркиби устухонро фаъол сохта, савияи онро дар хун зиёд ва миқдори фосфорро кам мекунад; ихроҷи калтсий ва фосфорро бо пешоб меафзояд. Дар натиҷа устухонҳо нарм ва зудшикан мешаванд. Г.-и аъзои дохилӣ боиси дар узвҳои дарун ғун шудани калтсий мегардад; хусусан Г.-и гурда (ҳосил шудани санг дар гурда ва пешоброҳа) маъмул аст. Сабаби Г. маълум нест. Бештар занҳо гирифтор мешаванд.
Бо мақсади табобати Г. омосро бурида дур мекунанд; ҳангоми осеби устухонҳо аз муолиҷаи ортопедӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …